Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ФАРҒОНА

Вилояти ФАРҒОНА

ФАРҒОНА, вилоятест дар ҳайати РСС Узбакистон 15 январи 1938 ташкил шудааст. Масоҳати 7,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1900 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 34%. 13 райони маъмурӣ, 8 шаҳр ва 10 птш дорад. Марказаш шаҳри Фарғона. Сатҳи вилоят асосан ҳамвор аст (дашти Қароқалпоқ); набототаш биёбонист.

fergana

Ҳарорати миёнаи январ —3°С, июл 28°С. Боришоти солона 170—350 мм. Дарёи асосиаш Сир. Заминҳо аз Канали Ҷануби Фарғона, Канали Калони Фарғона, Канали Калони Андиҷон ва обанбори Фарғона обёрӣ мешаванд. ГРЭС-и Қувасой сохта шудааст. Нефт ва газ истихроҷ мекунанд. Соҳаҳои асосии саноат: заводҳои пахта, бофандагӣ, химия, коркарди нефт, масолоҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ. Фарғона ноҳияи муҳимми пахтакории Узбакистон аст. Боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ низ ривоҷ ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …