Маълумоти охирин

«УЗЗОЛ»

«УЗЗОЛ» шӯъбаест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Шашмақом» чун мавзӯи аслӣ дар қисми овозии мақоми «Бузург» меояд, оҳанги дилангезу фараҳбахше дорад ва дар ин ҷо «Талқини уззол» «Насри узол» ва «Уфари узол» ном гирифта бо зарбҳои 3/8, 2/4 ва 3/4 иҷро мешавад.

Матни «узолҳое, ки дар «Шашмақом» амал доранд, аз ашъори Саъдӣ, Ҳофиз ва Восифӣ интихоб шудаанд. Масалан, матлаи матни «Насри узол» ин аст:

Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор,

В-аз у ба ошиқи мискин хабар дареғ мадор.

(Ҳофиз)

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …