УЗЛАТ Муҳаммадшарифи Косонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 18). Аз маҳаллаи Гулбоғи тумани Косон (ҳозира раёни Косонсои вилояти Намангони РСС Узбкакистон). Ба забони ӯзбекӣ ҳам шеър гуфтааст. Ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси Узлат ва Узлатӣ ва ӯзбекиаш бо тахаллуси Нодир ва Нодирӣ таълиф ёфтаанд. Аз мероси бадеии ӯ девони ғазалиёт (тақрибан 6500 байт, асосан ба забони тоҷикӣ) ва маснавии «Ҳафт гулшан» (ба забони ӯабекӣ) маълум аст. Шоир зимни баёни дарду аламҳои ишқ ва эҳсоси ошиқона некӯкорию саховат, мардию адолатпарварӣ барин хислатҳои писандидаи инсониро гӯшзад кардааст. У аз ҳама корҳои дунё ба даст овардани дили инсонро авлотар донистааст:
Суроғ соз ба мурги назар нишонаи дил,
Малак ба тоқи фалак баста ошёнаи дил.
Зи роҳи бехабарӣ Каъбаро чӣ мепурсӣ?
Тавоф созу бинеҳ сар бар остонаи дил
Дастнависи девони Узлат таҳти рақами 474 дар Музеи адабии ба номи Ғафур Ғулом (шаҳри Қӯқанд) маҳфуз аст.
У. Каримов.