Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «УЮН-УЛ-АХБОР»

«УЮН-УЛ-АХБОР»

«УЮН-УЛ-АХБОР» асари Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслими Диноварӣ маъруф ба Ибни Қутайба мебошад, ки ба забони арабӣ таълиф шуда, масъалаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, этнографӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Аз муқаддима ва 10 боб иборат аст. Ибни Қутайба дар «Уюн-ул-ахбор» оид бамасъалаҳои давлатдорӣ, ҷангҳо, зӯҳд, дӯстӣ, соҳаҳои гуногуни илм, хислатҳои инсонӣ ва ғайра таваққуф кардааст. Дар тавсифи одоби тирандозӣ ва аспсаворӣ ва матолиби «Оиннома» истифода шудааст. «Уюн-ул-ахбор» маълумоти фаровонеро оид ба урфу одатҳои миллатҳои гуногун, сиёсати давлатҳо, рафтори умарову подшоҳон, инчунин нукоти ҷуғрофиро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …