Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «УСУЛ»-И УҚЛИДУС (Евклид)

«УСУЛ»-И УҚЛИДУС (Евклид)

«УСУЛ»-И УҚЛИДУС (Евклид), муҳимтарин асари математикии Евклид, ки дар асри 3 то мелод таълиф шуда, асосҳои математикаи атиқа — геометрияи басит, назарияи ададҳо, алгебра, назарияи умумии нисбатҳо ва усули муайян намудани масоҳату ҳаҷмро дарбар мегирад. Аз 13 китоб иборат аст. Евклид дар асари мазкур тараққиёти сесадсолаи математикаи Юнонро ҷамъбаст намудааст, ки он асоси тадқиқоти минбаъдаи илми математика гардид. Баъди Евклид математикҳо Гипсикл (асри 2 то мелод) ва Исидор (асри 2 то мелод) ба «Усул»-и Уқлидус китобҳои 14 ва 15-ро илова намудаанд, бинобар ин аксаран асарро 83 15 китоб иборат мегӯянд. Ин асари барҷастаи Евклид бо системаи дедуктивӣ, яъне бо усули аксиоматикӣ таълиф шудааст: дар он тасдиқоти аввал бе исбот қабул шуда, боқимонда ҳамаи даъвоҳо — постулатҳо чун хулоса аз ҳамин аксиомаҳо бармеоянд. Китобҳои 1—6 ба планиметрия, 7—10 ба арифметнка ва бузургиҳои ноҳамчен, ки бо ёрии паргор ба хаткаш сохтан мумкин аст, китобҳои 11—15 ба стереометрия оиданд.
«Усул»-и Уқлидус дар замони мо низ асари намунавии илмӣ ба шумор меравад ва ҳоло асоси китобҳои дарсии имрузаро ташкил додааст. М. Тоҷиев.
УСУЛИ ҲАРФӢ Ду яке аз роҳҳои саводомӯзии қадимист. Аз қадимулайём то солҳои 20 асри 20 маъмул буд. Усули ҳарфӣ се марҳала дошт: а) ҳарфёдгирӣ; б) ҳарфҳоро ҳиҷҷа карда хондан; в) бо ҳиҷҷа калимаҳоро хондан. Ҳарфёдгирӣ. Номи ҳарфҳоро ба шогирдон ёд ва нишон медоданд, баъди ин ҳарфҳоро пасиҳам номбар мекарданд, ҳарфҳоро одатан ба рӯи тахтача менавиштанд ва онро «тахта» меномиданд. Ҳарфҳоро ҳиҷҷа карда хондан ин тавр шакл мегирифт: алиф забара, алиф зери, алиф пеш-у-а, и, у. Ҷим забар -ҷа, ҷим зер-ҷи, ҷнм пеш-ҷу-ҷа, ҷи, ҷу. Ҳар ҳарф бо се садонокн кӯтоҳ — а, и, у хонда мешуд. Бо ҳиҷҷа калимаҳоро хондан. Калимаҳоро ба таври зайл ҳиҷҷа карда мехонданд: калимаи алҳамду — алиф бо лом забар ал, ҳе бо мим забарҳам алҳам, дол пеш-ду алҳамду.
Дад вақти саводомӯзӣ хат машқ карда намешуд. Бо усули ҳарфӣ савод баровардан бағоят мушкил буд.
X. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …