Маълумоти охирин

«УСУЛ»

nota-2ota

«УСУЛ» (арабӣ ҷамъи реша, бех), 1) шакл ва таркиби аслии зарбиест дар мусиқии халқҳои Шарқ, ки бо навохтани созҳои зарбӣ (дойра, нақора, таблак ва ғайра) ба амал меоянд. «Усул» дар мусиқии классикии тоҷик дар 24 вазн (баҳр)-и маъмули силсилаи «Дувоздаҳмақом» ва 13 зарб (вазн)-и берун аз он ҳангоми иҷрои суруд ва оҳанг тавассути дойра истифода мешавад. Дар маъхазҳои мусиқии гузашта истилоҳоти «Вазн», «Баҳр» ва «Усул» аз ҷиҳати маънои луғавӣ яканд. Вале «Усул» тарзу услуб ва суръати амалиёти рукнҳоро низ ба ӯҳда дорад. «Усул» вобаста ба фосилаҳо (нигаред Вӯъд, Фосила) содда ва мураккаб мешавад, ки ба ҷараёни оҳанг таъсири куллӣ мерасонад. Истилоҳи «Усул» дар мусиқии мардуми тоҷику форс ва турк маъмул аст.
2) Номи заработ (буҳур)-и мусиқии классикист.
Дар рисолаи мусиқии Абдулмӯъмини Сафиуддин «Баҳҷат-ур-рӯҳ» вазни 37 «Усул»-и классикӣ бо сохту таркибашон оварда шудааст.
Масалан: Окул, дорои 9 зарб —4 сангин, 5 сабук, Уфар, дорои 5 зарб —2 сангин, 3 сабук, Авсат, дорои 7 зарб —5 сангии, 2 сабук ва ғайра.
3) Мардуми Бухоро, Самарқанд ва баъзе районҳои шимоли Тоҷикистон «Усул»-ро ба маънии Рақс низ истифода мебаранд.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …