Маълумоти охирин
Главная / Биология / УСТУХУДУС

УСТУХУДУС

УСТУХУДУС, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда  (Lavandula spicа), буттаи ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо. Аз 20 то 100 ом қад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб.

ustuxudus

Устухудуси худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд ва онро аввалин маротиба дар ҳамон ноҳияҳо (то мелод) чун растании доруию хушбӯй парвариш кардаанд. Абуҳанифи Диноварӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалии Сино устухудусро чун растании доруӣ ном бурдаанд. Сино ҷӯшоби устухудусро мусаккини дарди банд ва асаб меҳисобид. Шарбаташро барои табобати иллати асаб ва узвҳои пешоб тавсия медод.

Дар «Ҷомеъ-ул-фавоид»-и Юсуф ибни Муҳаммад (соли 1500), ки бо номи «Тибби Юсуфӣ» шуҳрат дорад, оид ба давоии шароби устухудус сухан рафтааст.

Шароби устухудус ар хӯрад кас,

Зи ман бишнав ҳадиси бериёро:

Бавосири куҳанро нафъ бахшад,

Барад ҳам иллати моҳулиёро.

Устухудусро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон (аз он ҷумла СССР) барои исеҳсоли равғани эфир мепарваранд. Гулаш 1,84%, хӯшагулаш 1,04%, баргаш 0,1% равғани эфир дорад. Равғани эфири устухудус дар атриёт, инчунин тиб (барои табобати ҷароҳат, буғумдард, хушбӯй кардани давоҷот, тайёр намудани марҳамҳо ва ғайра) фаровон истифода мешавад.

Гули устухудус хеле сершаҳд ва асалаш хушбӯю шифобахш аст.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …