Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УСТОХОНА

УСТОХОНА

УСТОХОНА, дар археологияи асри санг маҳалли омода намудани олоти сангӣ ва партовҳои истеҳсолотро гӯянд. Дар устохона ҳамчун қароргоҳи муваққатӣ одамон коркарди ибтидоии олоти санги (нуклеусҳо, парахасангҳо, пластинаҳо ва ғайра)-ро анҷом медоданд. Ду навъи асосии устохонаи асри санг мавҷуд аст: қароргоҳ ва устохона. Устохонаҳои асри санг дар СССР қариб дар ҳама ҷо мавҷуд буданд. Дар Тоҷикистон дар деҳаи Моғиён, ноҳияҳои паҳншавии маданияти Ҳисор, аз ҷумла дар соҳилҳои обанбори Норак устохонаҳои зиёде ёфт шудаанд.

В.                                           А. Ранов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …