Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТОМУЛЛО – Гӯри Муғ

УСТОМУЛЛО – Гӯри Муғ

УСТОМУЛЛО, Гӯри Муғ, Қабристони Устомулло, ёдгории археологӣ, қабристонест мансуб ба асрҳои 2 то мелод—2 м. (воқеъ дар 1 км ҷанубу шарқтари деҳаи Навгилеми раёни Исфараи вилояти Ленинобод). Дар ҳамвории 210Х135 м 72 пушта ҷойгир аст. Пуштаҳо гумбазмонанданд.

Устомуллоро соли 1952 бостоншиносони Экспедисияи археологии Тоҷикистон кашф карданд. Соли 1956 8 пуштаи Устомулло тадқиқ гардид. Ҳамаи қабрҳо лаҳад доранд. Аз қабрҳо зарфҳои гуногунн сафолӣ, шикастапораи кордҳои оҳанин ва боқимондан ғилофҳои чӯбин, оинаҳои биринҷии дастадор, асбоби зебу зинат ва ғайра ёфт шудаанд.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …