Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / УСТОДИ ВАРЗИШ

УСТОДИ ВАРЗИШ

ustodi-varzish

УСТОДИ ВАРЗИШ, дар СССР унвонҳои зерини спортӣ таъсис шудаанд: 1) Устоди спорти СССР, соли 1935 бо қарори Совети Олии физкултураи назди КИМ-и СССР муқаррар гардидаст. Ин унвон ба варзишгароне дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои расмӣ меъёру талаботи Низомномаи умумииттифоқии спортро иҷро кардаанд. Дар РСС Тоҷикистон бештар аз 1400 нафар (январи 1986) варзишгарон сазовори чунин унвон шудаанд.

2)   Устоди хизматнишоидодаи спорти СССР, соли 1934 КИМ-и СССР таъсис кардааст. Ин унвон ба варзишгароне дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои умумииттифоқию байналхалқӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардаанд, инчунии дар пешрафти кори фнзкул тураю спорт фаъолона иштирок карда, ғолиби бозиҳои Олимпӣ, мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва Европа (ду маротиба) гардидаанд. Ба ин унвони фахри 6 нафар (январи 1986) варзишгарони беҳтарини Тоҷикистон сазовор шудаанд: Ҳасанов И. (1964), Лобанов Ю. (1972), Лобанов М. (1974), Рустамова 3. (1975), Гусейнов С. (1979), Старостин А. (1980).

3)   Устоди спорти класси байналхалқӣ, соли 1965 Совети марказии Иттифоқи ҷамъиятҳои спортӣ ва ташкилотҳои СССР барои ҳавасманд гардондани варзишгарони советӣ баҳри баланд бардоштани дараҷан маҳорат ва ба даст овардани комббиҳои спортӣ дар миқёси ҷаҳонӣ муқаррар намудааст. Ин унвон ба ғолибон ва дорандагони мукофотҳои бозиҳои Олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Европа, СССР ва калонтарин мусобиқаҳои расмии байналхалқӣ дода мешавад. Аз Тоҷикистон ба ин унвон 54 нафар (1986) варзишгарон сазовор гардидаанд.

4)Устоди спорти Тоҷикистон, бо қарори Комитети физкултура ва спорти назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 29 августи 1970 ҷорӣ шудааст. Ба ғолибони чемпионат ва мусобиқаҳои республикавӣ, спартакиадаҳои Тоҷикистон аз рӯи гӯштини тарзи миллӣ (гӯштингирӣ) инчунин шахсоне, ки дар инкишофу пешрафти гӯштини миллӣ саҳми арзанда мегузоранд, дода мешавад. Дар РСС Тоҷикистон ба ин унвони фахрӣ 194 нафар (январи 1986) варзишгарон ноил шудаанд.       Ф. Фаёзов.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …