Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТОД ШОДӢ

УСТОД ШОДӢ

УСТОД ШОДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум) ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи форс-тоҷик (асри 15). Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Санъати мусиқиро аа устодони номии замон, назарияи онро аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон омӯхтааст. Устод Шодӣ дар сурудхонӣ маҳорати баланд дошта, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро моҳирона месуруд.
Аз асарҳои ӯ махсусан 12 нақш, ки ба усули мақоми «Ироқ» эҷод кардааст, дар инкишофи мусиқии асри 15 мавқеи калон дошт.
А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …