Главная / Гуногун / УСТО ЯЪҚУБИ ФАРАНГ

УСТО ЯЪҚУБИ ФАРАНГ

УСТО ЯЪҚУБИ ФАРАНГ (Яъқуб Қобилов) (тахмин 1850, Хуҷанд—1926, ҳамон ҷо), наққош, кандакор. Падари Охундҷон Яъқубов. Наққоширо аз падараш Ҳоҷӣ Қобили Наққош ва дуредгариву кандакориро аз устоҳои забардасти Хуҷанд омухтааст. Дар сохтану оро додани бисёр биноҳои истиқоматӣ ва маданиву маишии Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар иштирок кардааст. Ҳамроҳи дигар устоҳои моҳир дар сохтани глобуси Ҳоҷӣ Юсуф ҳисса гузоштааст. У барои заводҳои пахтаи водии Фарғона муҳаррикҳои буғӣ низ сохтааст. Ҳамроҳи Ҳоҷӣ Юсуф дар сохтмони иншооти обёрии каналҳо (уезди Хуҷанд) ҳисса гузоштааст. Бо ҳамзамононаш Тошхоҷаи Асирӣ, Ҳоҷӣ Юсуф, Ҳоҷӣ Антиқа, Содирхони Ҳофиз ва дигар аҳли илму адаб муносибати наздик дошт.
Э. Оқилов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …