Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТОД ТОҲИР

УСТОД ТОҲИР

УСТОД ТОҲИР Усто тоҳирҷон Давлатов, (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва оҳангсози халқӣ, шашмақомдони тоҷик (охири асри 19). Дар Ғиждувони Бухоро дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Устод Тоҳир дар навохтани танбӯр шӯҳрат дошт, таркиботи созию овозии «Шашмақом»-ро дар ҷамъомаду маъракаҳои халқӣ иҷро менамуд. Махсусан дар иҷрои «Савт», «Талқинча», «Муғулча» шӯҳрат доштааст. Дар сохтани созҳои мусиқӣ низ маҳорат дошт. Танбӯрҳои сохтаи ӯ дар саросари Бухорою Самарқанд ва дигар маҳалҳо машҳур буданд.
А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …