Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТИНОВ Дмитрий Фёдорович

УСТИНОВ Дмитрий Фёдорович

УСТИНОВ Дмитрий Фёдорович (30. 10. 1908, Самара, ҳозира Куйбышев — 22. 12. 1984, Москва), ходими партиявӣ, давлатӣ ва ҳарбии советӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1942, 1901), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1978), Маршали Иттифоқи Советӣ (1976). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1927. Комиссари халқӣ (1941—46), вазири саноати аслиҳа (1946—53), вазири саноати мудофиаи СССР (1953—57), ҷонишин, ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони СССР, раиси Совети олии хоҷагии халқи СССР (1957—65), котиби Комитети Марказии КПСС (1965—76) буд. Аз апрели 1976 вазири мудофиаи СССР. Аъзои Комитети Марказии КПСС аз соли 1952. Солҳои 1965—66 номзад ба аъзоии Президиуми Комитети Марказии КПСС. Аз апрели 1966 номзад ба аъзоӣ, аз марти 1976 аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2, 4—11). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1953). Бо 11 ордени Ленин, ордени Суворов (дараҷаи I), ордени Кутузов (дараҷан 1), ордени Клемент Готвалд ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …