Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УСТАВИ ИТТИФОҚИ ЛЕНИНИИ КОММУНИСТИИ ҶАВОНОНИ УМУМИИТТИФОҚ

УСТАВИ ИТТИФОҚИ ЛЕНИНИИ КОММУНИСТИИ ҶАВОНОНИ УМУМИИТТИФОҚ

УСТАВИ ИТТИФОҚИ ЛЕНИНИИ КОММУНИСТИИ ҶАВОНОНИ УМУМИИТТИФОҚ, қонуни асосии ҳаёти дохилии ВЛКСМ, ки ном, таъинот ва мавқеи онро дар системаи сиёсии ҷамъият, муносибати тарафайни онро бо КПСС, вазифа ва ҳуқуқҳои аъзои ВЛКСМ, принсипҳои ташкилӣ, нормаҳои ҳаёти дохилии комсомол ва усулҳои фаъолияти амалии онро муайян мекунад. Устави иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумиитифоқ барои ҳамаи комсомолон ва ташкилотҳои комсомолӣ ҳатмӣ буда, дар атрофи КПСС муттаҳид гардидани ҳамаи аъзоёни ВЛКСМ-ро таъмин менамояд, онҳоро ба иҷрои Программаи КПСС, қарору нишондодҳои партия сафарбар мекунад. Устави иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқро съез ди ВЛКСМ қабул мекунад.
Устави иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқи ҳозираи ВЛКСМ дар Съезди 14-уми ВЛКСМ (1962) қабул шуда, дар съездҳои 15 (1966) ва 17 (1974) ва 20-уми ВЛКСМ (1987) ба он тағйиррт дароварда шудааст.
Дар Устави иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумиитифоқ нишон дода шудааст, ки ВЛКСМ мувофиқи супориши КПСС бо фаъолияти ҳаррӯзаи Ташкилоти умумииттифоқии пионерии ба номи В. И. Лешга машғул мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …