Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УСТАВИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР

УСТАВИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР

УСТАВИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР, ҳуҷҷатест, ки сохти ташкилии иттифоқҳои касаба, вазифаҳои ташкилоти иттифоқи касаба, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни онро танзим менамояд. Устави иттифоқҳои касабаи СССР 1 ноябри 1963 дар Съезди 13-уми иттифоқҳои касаба қабул шуд. Минбаъд ба он солҳои 1968,1972, 1977, 1982 ва 1987 дигаргуииҳо дохил шуданд. Мувофиқи устав ҳар як коргари ташкилот, «муассиса, колхоз, инчунин хонандагоии мактабҳои олию миёнаи махсус ва омӯэишгоҳҳои касбҳои техникӣ уэви иттифоқҳои касаба шуда метавонанд. Вазифаҳои асосии иттнфоқҳои касаба аз ҳимояи манфиатҳои қонунии коргарон ва тамоми меҳнаткашон, беҳтар намудани шароити меҳнату ҳаёти маишии онҳо, пурзӯр намудани назорат ба риояи қонуну қоидаҳои меҳнатӣ, техникаи бехатарӣ ва ғайра иборатанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …