Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Очилбой

УСМОНОВ Очилбой

УСМОНОВ Очилбой (таваллуд 31. 8. 1930, деҳаи Қистакӯзи раёни Хуҷанд), ҳуқуқшшносн советӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносй (1977), профессор (1979). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз солли 1954. Соли 1955 факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ассистенти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ (1965 —59), муаллими калон, досент ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ (1960—82), аз соли 1983 мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Университети Давлатии Тоҷикистон. Дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ ва оилавӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад, доир ба ин масъала зиёда аз 92 асару мақола дорад. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» мукофотонида шудааст.
Асар: Договор розничной куплипродажи и охрана прав покупателей, Душанбе, 1962; Муҳаббат ва оила (масъалаҳои хуқуқӣ), Душанбе, 1967; Ҳуқуқи гражданинҳо ба хонаю ҷой, Душанбе, 1969; Кодекси нави оид ба никоҳ ва оила, Душанбе, 1972; Становление советского гражданского права в Таджикистане, Душанбе, 1973; Ҳуқуқи конститусионии гражданинҳо ба манзил, Душанбе, 1981; Шартномаи иҷораи манзил, Душанбе, 1983; Ба ҷавонон дар бораи ҳуқуқи оилавии советӣ, Душанбе, 1984.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …