УШР (арабӣ- даҳяк), дар мамлакатҳои мусулмони андозест, ки ба миқдори даҳяки ҳосил (ҳар сол аз деҳқонон, чорводорон ва моҳигирон) ситонида мешуд. Дар ибтидо ушрро аз саидҳо, руҳониёни калон, инчунин баъзе амирон ва аз халқҳои ноҳияҳои «ихтиёран ба лашкари ислом таслимшуда» мегирифтанд. Обу заминеро, ки аз он ушр меситониданд, «мулки ушрия» меномиданд. Дар замонҳои гуногун вобаста ба шароити маҳал номи ушр низ тағйир меёфт. Масалан, дар империяи Усмония онро иқтоъ, димос, ӯнта, ӯнталик, салариа, дар Эрону аморати Бухоро даҳяк мегуфтанд. Дар Осиёи Миёна баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр барҳам хӯрдааст.
Tags Андоз
Инчунин кобед
Сулолаи САФФОРИЁН
САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …