Маълумоти охирин

УШНА

УШНА, ушнаҳо, (Вryopsida), оддитарин растаниҳои дараҷаи олиест, ки дар хушкӣ, баъзан дар оби ширин мерӯянд ва ба гурӯҳи ушнашаклҳо тааллуқ доранд. Ушнаҳо растаниҳои автотрофӣ (организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикии барои ҳаёт зарурро ҳосил мекунанд) мебошанд. Онҳо растаниҳои хеле майдаанд, асосан аз 1 мм то 10 см (баъзан то 40—60 см) қад мекашанд. Барги ушнаҳо шаклан гуногун (сӯзаншакл, нештаршакл, дилшакл, эллепсӣ ва ғайра) буда, сафедтоб (масалан, ушнаи торфӣ ё сфагнум Sphagnum teres; S. fuskum), сабз ё сабpи сиёҳтоб (масалан, фохтазағирак — Роlitrichum соmmune ва ғайра) мешаванд. Ушнаҳо асосан аз спораҳо ва бо роҳи нашвӣ (аз муғҷа, барг, поя) зиёд мегарданд. Дар дунё тақрибан 20 ҳазор намуди ушна месабзад. Дар СССР беш аа 1,5 ҳазор (аз он ҷумла дар Тоҷикистон 350) намуди ушнаҳо меруянд. Ушнаҳо 3 гурӯҳ — торфи ё сфагнумҳо (sfagnidae), андреевӣ (Аngreaeidae) ва сабз (Rruidae) мешаванд.

ushna
Ушнаҳо дар табиат ва хоҷагии халқ аҳамияти калон доранд. Масалан, Ушнаҳои гулсангмонанд — Irimmia ovalis ва I. рulvinata (оилаи irrimmiaceae) дар шахсори баландкӯҳ ва ҷойҳои бесамар мерӯянд, минбаъд хушкида ба порухок табдил меёбанд ва ба хокҳосилшавӣ мусоидат мекунанд. Ушнаи биёбонӣ — Тоrtura dererutorum (оилаи Роttiaceae), ки дар дашту биёбони республика фаровон аст, хусусияти моддаҳол химиявӣ (масалан, симоб)-ро захира кардан дорад. Бо ёрии Ушнаи сабз беш аз 90%-и катионҳои симобро аз обҳои ифлос ҷудо кардан мумкин аст. Баъзе Ушнаҳое, ки дар ҳавзу дарёҳои республика месабзанд (масалан Нуdrohyphum- luridum, Cinoslidotus nigrecans) хӯроки мавҷудоти бемӯҳраи обианд.
Адабиёт: 3еров Д. К., Очорк филогении бессосудистых растений, Киев, 1972; Мамадкулов У. К., Лиственные мхи Дарвазского хребта, Душанбе, 1976; ҳамон муаллиф. Флора споровых растений Таджикской ССР, том. 2, Мховидные, Душанбе, 1983. У. Мамадқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …