Маълумоти охирин

УШКУФА

УШКУФА, уш, ушгиёҳ (Кози- Rozolaria), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсоларо гӯянд (аз оилаи Grassulaseae). Аз 5 то 35 см қад мекашад. Решааш одатан лӯндашакл мешавад. Баргаш гуногун (белчамонанд, байзашакл, нештаршакл ва ғайра). Гулаш зангӯлашакли сафед, зард ё зарди сабзтоб, арғувонӣ, гулобӣ ва бунафш (май—август мешукуфад).

ushkufaiho

Дар Тоҷикистон 8 намуди Ушкуфаи худрӯй ҳаст: туғсарак (Rosularia paniculata) дар минтақаи ҷангалзори гармсер, паҳвбарг, арчазор, тилохзор, настаранзор, инчунин дашт, нишебиҳои санглох, шах ва ғайра (қаторкуҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Мевағул, Тоҷикистони Ҷанубӣ; 1400—2600 м аз сатҳи баҳр) месабзад; хӯшасарак (R. subspicata) бештар дар минтақаи ҷангалзори гармсер, арчазор ва дашт, нишебиҳои шағалу регзор, шах ва ғайра (қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 1600—2700 м) меруяд; лучак (R. Grabra) қариб дар ҳама минтақаҳо (аз ҷангалзори гармсер то дашти баландкӯҳ ва биёбон), нишебиҳои санглох, шағал, шахи хора ва ғайра (қаторкӯҳҳои Ҳисор, Дарвоз, инчунин Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ; 1500—4000 м) нумӯ меёбад; алпӣ (R.Alpestris) дар шах, дашти ковилзор, арчазори сираку буттазор ва ғайра (қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Помири Ғарбӣ ва ғайра; 1500—3900 м) вохӯрдааст; тоҷикистонӣ (R. Tadchikistana) дар бисёр ноҳияҳои республика (аз минтақаи ҷангалзори гармсер то биёбони алафзор), дар шахҳо, нишебиҳои санглох, шағал ва ғайра. (қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ; 1800—4200 м) нашъунамо меёбад; ҳисорӣ — R. Hissarica, зарушкуфа — R. Lutea (қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Дарвоз) ва туркистонӣ (R. Turkestanica) хеле каманд.
Ушкуфа гиёҳи маъмули доруист. Табибони халқӣ бо оби баргаш касалии пӯст — ушкуфа (як навъ лишай)-ро табобат мекунанд. Бо оби ушкуфа инчунин ҳангоми гулӯзиндонак гулӯро мечайқонанд.
Пояи ушкуфа (R. Tadchikistana) -ро бузу гӯсфанд ва ғажгов нағз мехурад. Ушкуфа гиёҳи сабзу хуррами базеб аст.
М. Ҳоҷимотов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …