Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «УШШОҚИ СОДИРХОН»

«УШШОҚИ СОДИРХОН»

«УШШОҚИ СОДИРХОН», сурудест аз силсилаи «Ушшоқ», ки онро ҳофизи тоҷик Содирхон Бобошарифов тасниф кардааст. «Ушшоқи Содирхон» ба суруди халқӣ-классикии «Шаҳнози Гулёр» монандӣ дошта, авҷаш аз «Ушшоқи Самарқанд» аст. Вале қисми овозиашро нисбат ба дигар сурудҳои ин силсила ба дараҷаи кварта баланд бардошта сар мекунанд. Матни «Ушшоқи Содирхон» ғазали Ҷомист, ки матлааш ин аст:
Ба як карашма зулайховаше дили моро,
Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.
Содирхон ин «Ушшоқ»-и худро инчунин дар шакли «қашқарча» тасниф кардааст, ки онро «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон» мегӯянд.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …