Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШТАТҲОИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА

ШТАТҲОИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА

ШТАТҲОИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА, united States of America, ШМА, давлатест дар Америкаи Шимолӣ. Масоҳ. 9,4 млн км . Аҳолиаш 239,7 млн наф. (1986), аз ҷумла 85% сафедпустҳо, қариб 12% зангиён, қариб 3% намояндагони дигар нажодҳост; аҳолии шаҳрӣ 73% (I960). Забони расмӣ — англисӣ. Бештари аҳолӣ ба динҳои протестанты ва католикӣ эътиқод дорад. Пойтахташ ш. Вашингтон. Шаҳрҳои калонтаринаш: Нью-Йорк, Чикаго, Лос-Анҷелес. Мулкҳояш: Пуэрто-Рико («давлати ҳамроҳшуда») ва ҷаз-ҳои Вирҷин дар Вест-Индия, Самоаи Шарқӣ, Гуам ва диг. ҷаез-ҳои хурд ва Удьбиусия. ШМА республикаи федеративист; ба 50 штат ва як округи федералӣ (пойтахти)-и Колумбия ҷудо шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат президент буда, ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Органи Олии қонунбарор парламент (конгресс)-и дупалатагист, ки аз палатаи намояидагон ва сенат иборат аст. Ҳар штат конституцияи худро дорад, худидоракуниро қисман истифода мебарад.

usa

Қариб нисфи ҳудуди мамлакатро қаторкуҳҳои баланд, паҳнкуҳҳо ва пуштакуҳи Кордильера ишғол кардаанд; канори шарқии минтақаи Кордильераро қ-куҳҳои Шахӣ (баландиашон то 4000 м) ташкил додаанд. Нуқтаи баландтарини мамлакат — қ. Мак-Кинли (6193 м) дар Аляска. Дар шарқ к-ҳои Аппалачи (2037 м) воқеанд. Байни к-ҳои Кордильера ва Аппалачиро ҳамвориҳои васеи дохилӣ (ҳамвориҳои Марказӣ, Бузург) ва пастиҳои Наздимексика ишғол кардаанд. Сарватҳои табиӣ: ангишт, нефт, гази табиӣ, маъдани металлҳои сиёҳ ва ранга, уран, ашёҳои хоми химиявӣ ва ғ. Иқлим дар қисми зиёди мамлакат муътадил ва субтропикии континентист. Ҳарор. миёнаи янв. аз —25*С дар Аляска то 20*С дар нимҷаз. Флорида. Ҳарор. миёнаи июль дар соҳилҳои ғарбӣ 14—22*С, дар соҳилҳои шарқӣ 16 —25*С. Боришоти солона аз 100 мм дар паҳнкуҳу пуштакуҳҳои дохилӣ то 2000 мм дар минтақаи наздибаҳрӣ. Дарьёҳои асосиаш: Миссисипӣ бо шохобҳояш Миссурӣ ва Огайо, Колумбия, Колорадо, Юкон. Дар шим. шарқ силсялаи Кӯлҳои Бузург ҷойгир шудааст. Аляскаро тундра ва бешаҳои сиак, шли. шарқи мамлакатро бешаҳои сӯзанбарг ва омехта, ҷануби онро бешаҳои паҳнбарг ва бешаҳои омехтаи субтропикӣ фаро гирифтаанд. Ландшафти пуштакуҳи дохилии Кордильера нимбиёбонист.

Дар ҳудуди ҳозираи ШМА аз давраҳои қадим ҳиндуёни америкоӣ (дар Аляска—эскимосҳо) истиқомат доштанд. Аз а. 16 cap карда европоиён дар Америкаи Шимолӣ ба қасабасозӣ шуруъ карданд. Дар натиҷа халқҳои маҳаллӣ ронда ва дур карда мешуданд; барои кор дар плантацияҳо зангиёнро аз Африка меоварданд. Дар рафти Ҷанг барои истиқлолият дар Америкаи Шимолӣ (1775—83), ки он хусуияти революцияи буржуазаиро дошт, давлати мустақили ШМА (1776) ташкил шуд. С. 1787 Конституцияи с. 1787 ҳукмронии буржуазия ва заминдорони калонро мустаҳкам кард. Ҷ. Вашингтон нахустин презнденти ШМА шуд. С. 1803 ШМА аз Франция Луизианаи Ғарбиро хариданд; с. 1819 Испанияро маҷбур кардан д, ки ба онҳо Флоридаро диҳад; с-ҳои 1840—50 як қисми Мексикаро забт карданд; с. 1867 аз Россияи подшоҳӣ Аляска ва ҷаз-ҳои Алеутро хариданд. С-ҳои 20—50 а. 19 партияҳои Демократӣ ва Республикавӣ ташкил ёфта, дар авв. а. 20 ба ташкилотҳои сиёсии капитали калон мубаддал гардиданд. Муборизаи байни буржуазияи Шимол ва ғуломдории Ҷануб дар ШМА Ҷанги гражданиро (1861—65) ба вуҷуд овард. Ғалабаи шимолиён дар ҷанг, ки революцияи буржуазию демократӣ буд, барои инкишофи босуръати капитализм роҳ кушод. Ҳаракати коргарн авҷ гирифт. С. 1881 федерацияи меҳнати Америка ва с. 1905 ташкилоти иттифоқи касабаи «Коргарони индустрияи ҷаҳон» таъсис ёфтанд. ШМА дар натиҷаи ҷанги империалистии байни Америкаю Испания (1898) Филиппин, Пуэтро-Рико ва Гуамро забт карда, Кубаро мустамликаи худ гардониданд. Аз авв. а. 20 ШМА чандин маротиба ба ҳудуди мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ зада даромаданд. С-ҳои 1917—18 ШМА чун тарафдори Антанта дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок карданд ва баъди тамом шудани ҷанг дар байни мамлакатҳои империалистӣ мавқеи асосиро ишғол намуданд. ШМА дар илтервенцияи зиддисоветии с-ҳои 1918—20 яке аз ташаббускорони он буданд. С. 1919 ПК ШМА таъсис ёфт. Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1929— 1933) боиси пастравии истеҳсолот ва афзоиши бекорӣ (дар 1932 то 17 млн наф.) гардид; ҳукумати Ф. Рузвельт кушит мекард, ки оқибатҳои буҳронро бо роҳи пурзур кардани капитализми давлатӣ бартараф намояд. С. 1933 байни ШМА ва СССР алоқаи дипломатӣ муқаррар гардид. Дек. 1941, баъди ба базаҳои америкоӣ дар уқ. Ором ҳуҷум кардани Япония, ШМА ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуданд. ШМА ҳамроҳи СССР ва Британияи Кабир иштирокчии асосии коалицияи зидди-гитлерӣ буданд. Баъди ба охир расидани ҷанг доираҳои империалистии ШМА бар зидди СССР ва диг. мамлакатҳои социалистӣ «ҷанги сард»-ро вусъат доданд, ташкилотчии асосии блокҳои таҷовузкори НАТО (1949), СЕАТО (1964) ва базаҳои ҳарбӣ, мусаллаҳшавии бошитоб гардиданд; с-ҳои I960—53 бар зидди Корея интервенция ва миёнаи с-ҳои 60 дар Ҳиндустон ҷанги таҷовузкорона cap карданд. Ғайриимкои будани ғалабаи ҳарбӣ дар Ҳиндухитой доираҳои ҳукмрони ШМА- ро маҷбур кард, ки с. 1973 дар бораи бас кардани ҷанг ва барқа pop намудани сулҳ дар Вьетнам созишнома баста, бомбаборонкунии ҳудуди Лаос ва Камбуҷияро қатъ намоянд.  Дар шароити тағйир ёфтани таносуби қувваҳо дар ҷаҳон, асосан ба туфайли афзудани шуҳрати СССР ва ҳамаи давлатҳои иттифоқи социалистӣ, ШМА маҷбур шуданд, ки авв. с-ҳои 70 ба як қатор иқдомҳо дар бобати паст кардани шиддати вазъияти байналхалқӣ, муътадил гардонидани муносибатҳо бо мамлакатҳои социалистӣ розӣ шаванд. Дар натиҷаи вохурии роҳбарони Иттифоқи Советию ШМА якчанд созишнома оид ба нест кардани хавфи ҷанги ядроӣ, маҳдудкунии аслиҳа стратегӣ имзо шуданд. Инкпшофи минбаъдаи муносибатҳои Иттифоқи Советии Америка ба зиддияти қувваҳои муайяни бонуфузи ШМА дучор гардпд. Дар с-ҳои 70—80 доираҳои ҳукмрон аз сиёсати паст кардани шиддати вазъият даст кашида, роҳи тезу тунд гардонидани вазъияти байналхалқӣ ва мусаллаҳшавии бошитобро пеш гирифтанд.

ШМА мамлакати асосии капитализми ҳозира буда, дорои 2/5 ҳиссап истеҳсолоти саноати ҷаҳони капиталистианд. Иқтисодиёти ШМА-ро калонтарин монополияҳои ҷаҳон — «Генерал моторс», «Стандарт Ойл», «Дюпон» ва диг. зери назорати худ гирифтаанд. ШМА дар ҷаҳони капиталистӣ калонтарин экспорткунандаи капиталанд (авв. с. 1960 маблағи капитали дар хориҷа гузошташуда 192,6 млрд долларро ташкил дод). Иқтисодиёти ШМА дар сари чанд вақт ба буҳрон дучор мешавад. С. 1984 шумораи бекорон ба 8,5 млн расид. ШМА с. 1984 аз ҷиҳати истихроҷи ангишт (791 млн т), гази табиӣ (506 млрд м9), концентрати уран (6,5 ҳаз. т U3Oa), истеҳсоли энергияи электрик (2400 млрд кВс-с), пулод (84 млн т), алюминий (4030 ҳаз. т), автомобил (11,0 млн), самолет дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои якум, аз ҷиҳати истихроҷи нефт (429 млн т) ҷои дуюмро ишғол карданд. Саноати химия, химияи нефт, истеҳсоли дастгоҳҳо, таҷҳизоти саноатӣ ва энергетикӣ, истеҳсоли мошинҳои х. қ. ва роҳсозӣ хеле тараққӣ кардааст. Соҳаҳои нав; махсусан истеҳсолоти саноати ҳарбӣ, саноати ракетаю кайҳонӣ, электронӣ, атомӣ ва ғ. ривоҷ меёбад. Зироати асосии х. қ. (ҷамъоварӣ ба ҳисоби млн т. 1984): гандум (70,6), ҷуворимакка (208,4), соя (50,6), пахта (2,9), тамоку (0,33), растаниҳои цитрусӣ ва ғ. Бештар аз нисфи арзиши маҳсулоти х. қ.-ро чорводорӣ (асосан чорвои калони шохдор, хук ва мурғ) медиҳад. Истеҳсоли гушт—17 млн т (1979). Тули р. о. 381 ҳаз. км (авв. 1982), роҳҳои автомобилгард 6199 ҳаз. км, парки автомошинҳо 160,4 млн. Бандарҳои муҳимми баҳрӣ: Нью-Йорк, Орлеани Нав, Хьюстон, Филадельфия; Узелҳои муҳимми алоқаи ҷаҳон: Нью-Йорк, Чикаго, Лос-Анделес, Майами, Даллас. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Канада, Япония, РФГ. Воҳиди пул — доллари америкоӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …