Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УРУГВАЙИҲО

УРУГВАЙИҲО

УРУГВАЙИҲО, аҳолии асосии Уругвай. Шумораашон тақрибан 3 млн нафар. (1977). Забонашон испанӣ. Диндорон асосан католиканд. Дар байни Уругвайиҳо унсурҳои нажоди европоӣ зиёд аст. Аз миёнаи асри 19 муҳоҷиршавӣ аз Европа (асосан испаниҳо, италиявиҳо ва франсавиҳо) сар шуд; аксарияти аҳолии камшумори тагҷоӣ — ҳиндиҳои чарруа ва дигар то аввали асри 19 қир карда шуданд.

urugvayiho

Дар ноҳияҳои бо Бразилия ва Аргентина ҳамсарҳади шимоли мамлакат шумораи ками дурагаҳо (аз ҷумла авлоди гаучо) маскунанд. Дар баъзе департаментҳо зангиҳо, мулатҳо (авлоди ғуломони солҳои 30 асри 19 зӯран ба ин мамлакат овардашуда) ва ғуломони аз Бразилия фироркарда умр ба сар мебаранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …