Маълумоти охирин

УРДУН

УРДУН, Шоҳии ҲошимииУрдун давлатест дар Шарқи Наздик Масоҳат 95,4 ҳазор км2 (беш аз 6,6 ҳазор км2-и онро соли 1967 давлати Исроил ишғол кардааст). Аҳолиаш 3,5 млн нафар (охири 1982), аз ҷумла 0,85 млн нафар дар ҳудуди ишғолкардаи Исроил эиндагӣ мекунанд. Қариб 95% аҳолӣ арабҳоанд, боқимонда — арманиҳо, форсҳо, туркҳо, курдҳо ва ғайра. Забони расмӣ — арабӣ. Дини давлати — ислом. Пойтахташ шаҳри Уммон. Сохти давлатии Урдун мутлақияти конститусионист. Сардори давлат — шоҳ. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ. Қисми зиёди Урдунро паҳнкӯҳҳо ишғол кардаанд. Баландиашон аз сатҳи баҳр андаряк 500—1000 м (нуқтаи аз ҳама баландаш куҳи Рам; 1754 м). Дар ғарби мамлакат пастхамие воқест, ки дар ҳудуди он водии дарёи Урдун ва ё Майит ҷой гирифтаанд. Иқлимаш хушки субтропикист. Ҳарорати миёнаи январ 8—14°С, июл 24—30°С. Боришоти солона аз 100 мм то 700 мм. Набототаш асосан нимбиёбонӣ ва биёбонист; дар воҳаҳо нахлзорҳо ҳастанд.

urdun
Дар замонҳои қадим дар ҳудуди ҳозираи Урдун қабилаҳои сомии ханаанайҳо зиндагӣ мекарданд. Урдун аз асри 7 ба ҳайати Хилофати Араб ва аз ибтидои асри 16 то соли 1918 ба ҳайати Империяи Усмони дохил буд. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба ҳудуди мандатии Британияи Кабир дохил гардид; соли 1921 аз он Аморати мандатии Трансурдун ҷудо шуд. Аз соли 1946 давлати шоҳии мустақил мебошад. Июни 1967 қӯшунҳои Исроил як қисми ҳудуди Урдун (соҳили ғарби дарёи Урдун)-ро забт намуданд. Аз соли 1963 Урдун бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Асоси иқтисодиёти мамлакат хоҷагии қишлоқ аст. Зироати асосии хоҷагии қишлоқ— гандум, ҷав. Току зайтунпарварӣ низ ривоҷ ёфтааст. Гов, уштур ва бузу гӯсфанд мепарваранд. Саноаташ аз истихроҷи фосфорит ва таҳвили нефт (аз хориҷа мекашонанд) ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ иборат аст. Тӯли умумии роҳи оҳан қариб 500 км, роҳҳои автомобилгард 9,6 ҳазор км (1984); ягона бандари баҳриаш Акаба (дар баҳри Сурх). Ба хориҷа фосфорит, мева, равғани зайтун мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Арабисгони Саудӣ, Сурия, Республикаи Федеративии Германия. Воҳиди пул — динори Урдун.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …