Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УРБАНИЗМ

УРБАНИЗМ

УРБАНИЗМ (аз лотинӣ urbs — шаҳр), равияе дар шаҳрсозии асри 20. Намояндагони ин равия ғояи дар тамаддуни муосир мавқеи асосӣ доштани шаҳрҳоро пеш гирифта, бештар ба лоиҳаҳое диққат медоданд, ки дар онҳо шумораи аҳоли бештар ҷойгиранд.

shahr

Дар ташаккули назарияи урбанизм фаъолияти меъмори франсавӣ Ле Корбюзе мавқеи калон дошт. Дар солҳои 20 ғояҳои урбанизм ба баъае меъморони Советӣ низ таъсир расонд (Н. А. Ладовский ва дигарон). Мафҳуми урбанизм ҳамчун муродифи шаҳрсозӣ низ истифода мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …