Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН

УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН

peoples_artist_of_the_tajik_ssr_medal

УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, шакли мукофоти Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки барои хизматҳои барҷаста дар боби тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, илм, маданият ва санъат ба шахсону коллективҳои ҷудогона дода мешаванд.
Унвонҳои фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро мувофиқи моддаи 110 Конститутсияи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва мувофиқи пешниҳоди Совети Вазирони Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ, идораҳои дахлдор ва дигар муассисаю ташкилотҳои республикавӣ медиҳад. Комитетҳои иҷроияи Советҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, шаҳрӣ ва районӣ ташкилотҳои партиявӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар бораи додани Унвонҳои фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (якҷоя бо қарори ташкилоти дахлдори ҷамъиятӣ, характеристикаи муфассали фаъолияти истеҳсолӣ, илмӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва ғайра, тарҷимаи ҳол ва варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, ҳуҷҷатҳо ва материалҳое, ки характеристикаро пурра мекунанд ва пешниҳоди онҳоро худи муассисаҳо ва ташкилотҳо зарур мешуморанд) тавсия пешниҳод вамоянд. Нахустин унвонҳои фахрӣ — «Артисти Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» ва «Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон» бо Укази Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон аз 28 марти 1939 таъсис гардидаанд. Унвонҳои Тоҷикистон то 1 феврали 1981: Артисти Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Навнсандаи (Шоири) Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Рассоми Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон; Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Артисти Хизматнишондодан Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Духтури Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Геологи Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Инженери Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Устоди Хизматнишондодаи Маълумоти Касбӣ Техникии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хизматнишондодаи Савдои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Артисти Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Фармасевти Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Энергетики Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хязматнишондодаи Нақлиёти Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Моҳипарвари Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Ихтироъкори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Расионализатори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Иқтисодчии Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Бинокори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Алоқачии Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хизматнишондодаи Хоҷагии Қишлоқи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Ирригатори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Механизатори Хизматнишондодаи Хоҷагии Қишлоқи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Ҷангалпарвари Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Устоди пахтаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Устоди чорводории Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хизматнишондодаи Хизмати Маишии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Меъмори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коркуни Хизматнишондодаи Саноати Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Мураббии Хизматнишондодаи Ҷавонони Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон; Коллективи Хизматнишондодаи Санъати Бадеии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (Укази Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон аз 29 январи 1981 «Дар бораи Унвонҳои Фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон»).
Бо Укази номбурда Низомномаи нав оид ба Унвонҳои фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон низ тасдиқ шудааст. Ба шахсе ки унвони фахрӣ дода шудааст, Грамотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва нишони сарисинагӣ (дар тарафи рости сари сина меовезанд) супурда мешавад. Ба коллективи ба унвонҳои фахрии ноилшуда Грамотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон низ супурда мешавад.
Аз унвонҳои фахрии Тоҷикистон фақат Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон маҳрум карда мевавонад. Дар вақти аз унвон маҳрум намудани шахс аз у Грамотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва нишони сарисинагӣ низ гирифта, ба Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон баргардонда мешаванд.
Дар бораи маҳрум кардан аз унвон судҳо, вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ, идораҳо, комитетҳои иҷроияи Советҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва районии депутатҳои халқӣ бо пешниҳодот муроҷиат карда метавонанд.
М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …