Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ

УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ

unvon

УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ, 1. Унвови илмӣ, унвонест, ки ба омӯзгорони мактабҳои олӣ ва ходимони муассисаҳон илмӣ аз рӯи корҳои педагогӣ ва тадқиқоти илмии онҳо медиҳанд. Дар СССР профессор, дотсент, ходими калони илмӣ, ассистент, ходими хурди илмӣ унвони илмӣ ҳисоб мешаванд. Се унвони аввалро Комиссияи олии аттестасионӣ (ВАК) -и СССР мувофиқи тавсияи шӯрои илмии мактабҳои олӣ ё муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ба шахсоне мадиҳад, ки дараҷаи илмӣ доранд; ин унвонҳоро ба тариқи истисно онҳое низ гирифта метавонанд, ки дараҷаи илмӣ надоранд, вале мутахассисони баландихтисос буда, дар корҳои педагогӣ ва тадқиқоти илмӣ маҳорати баланд зоҳир кардаанд. Ассистентҳо ва ходимони хурди илмиро шӯрои илмӣ тасдиқ мекунад. Дар хориҷа, чунин унвонҳои илми ҳастанд; профессор, адъюнктпрофессор, ординарӣ, профессор- экстраординари, ассистент. 2. Дараҷаи илмӣ, ихтисоси илмиест, дар соҳаи муайянӣ дошта. Дар СССР аз соли 1934 ду дараҷаи илми —доктори илм ва номзади илм муқаррар шудааст. Якумашро бо қарори Президиуми Комиссияи олии аттестасионии СССР дар асоси тавсияи шӯрои махсуси мактаби олӣ ё муассисаи тадқиқоти илмӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ (баъди дифои рисолан докторӣ) ва дуюмашро ба қарори ҳамин шӯро баъди дифои рисолаи номзадӣ медиҳанд. Дар хориҷа ҳам якчанд дараҷаи илмӣ вуҷуд дорад: агреже, бакалавр, лисенсиат, магистр.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …