Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад (тақрибан 968, Балх—1040), шоири форс-тоҷик. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасагиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди таҳсил дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш — султон Масъуд хидмат кардааст. Маликушшуаро буд, вале дар охири умр аз ин вазифа ва хидмати дарбор даст кашид.
Унсурӣ асарҳои зиёде таълиф кардааст. Авфӣ се достони ӯ — «Шодбаҳр ва Айнулҳаёт», «Вомиқ ва Азро», «Хингбут ва Сурхбут»-ро ном бурдааст. Аз достонҳои Унсурӣ то замони мо байтҳои пароканда расидаанд. «Вомиқ ва Азро» дар баҳри мутақориб, ду достони дигар дар баҳри хафиф таълиф шудаанд. Мабдаи сюети «Вомиқ ва Азро»-и Унсурӣ юнонист. Унсурӣ нахустин ва беҳтарин назмкунандаи ин достон аст. Равияи эҷодии ҳар се достони Унсурӣ романтикӣ буд, вале дар «Вомиқ аз Азро» унсурҳои реалистӣ низ ба назар мерасанд. Ғавр аз достонҳои мазкур Унсурӣ девони ашъор доштааст, ки дорон 30 ҳазор байт будааст, вале аз ин девони мукаммали ӯ ҳоло 3 ҳазор байт дастрас гардидааст, ки аз қасоид, рубоиёт, қитаот ва абёти парокандаи қасидаҳову маснавиҳо иборат аст. Қасидаҳои Унсурӣ чун намунаҳои беҳтарини назми мадеҳавии он давра шӯҳрат ёфтаанд. Ба мазмуни мадҳӣ ва аз ҷиҳати ғоявӣ паст будани онҳо нигоҳ накарда, қасоиди Унсурӣ аҳамияти зиёди адабӣ ва таърихӣ доранд. Дар онҳо махсусан қисмати ташбиб ҷолиб аст. У дар ташбибҳо ба мавзӯъҳои васфи табиату баҳори зебо, тасвири мавзараҳои дилнишин, гулу лола, чаҳ-чаҳи булбулону навои мурғони хушхои, мавзӯъҳои ишқӣ, тасвири ҳусну ҷамоли маъшуқа, аҳволи ошиқ ва ғайра даст задааст. Дар ташбибҳои қасоиди Унсурӣ васфи ҷашнҳои қадимии ниёгони халқи тоҷик — Наврӯз, Меҳргон, Сада ба таври фаровон дучор меоянд. Ин равияҳо дар эҷодиёти давраи пиронсолии Унсурӣ боз ҳам ривоҷ гирифтаанд. Аҳамияти дигари қасоиди Унсурӣ дар нигаҳдошту сабти воқеоти таърихӣ ва иҷтимоию сиёсии замонааш мебошад. Дар қасоиди Унсурӣ панду ахлоқомӯзӣ, тарғиби ҳукмронии одилона, даъвати подшоҳ ба ҷуду карам ба назар мерасад. Унсурӣ дар ғазал ба сабки шеъри асри 10, махсусан ба эҷодибти Рӯдакӣ тақлид кардааст. Худи Унсурӣ инро эътироф намудааст:
Ғазал рӯдакивор некӯ бувад.
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.
Агарчӣ бикӯшам ба борик ваҳм,
Дар ин парда-андар маро бор нест.
Қисмати ҷолиби диққати эҷодиёти Унсурӣ рубоиҳояш мебошанд, ки дар онҳо оҳанги эҷодиёти халқӣ, равониву соддабаёнӣ ва инчунин таъсири сабки шеъри асри 10 дида мешавад. Масалан:
Рӯ поктар аз замири содиқ дорӣ,
Зулфайни сияҳ чун дили фосиқ дорӣ.
Вар хештанам бад-ин ду ошиқ дорӣ,
Муъмин сухану вафо мунофиқ дорӣ.
Равияи назми оғози асри 11, ки намояндагони бузурги он Манучеҳрию Фаррухӣ буданд, дар эҷодибти Унсурӣ низ намоён аст. Дар ашъори Унсурӣ таъбиру суханони нозуку дилкаш хеле зиёданд. Унсурӣ аз санъатҳои бадеӣ — ташбеҳ, таҷнис, суолу ҷавоб, баргардониш, талмеҳ ва ғайра моҳирона истифода кардааст. Дар ташбиб ва ғазалҳои Унсурӣ, бо вуҷуди самимӣ ва равон будани ифода, баъзан образҳои зеҳниго мантиқӣ роҳ ёфтаанд, ки ин ба муҷаррадбаёнӣ оварда динамикаи ҳодисоту воқеоти тасвирёфтаро суст кардааст. Мақоми Унсурӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик баланд аст. Ба эҷодиёташ адабиётшиносон, тазкиранависони асримиёнагӣ (Давлатшоҳи Самарқандӣ ва дигар) баҳои баланд додаанд.
Осор:
Адабиёт: Бертелс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, Москва, 1960; Османов М. -Н. О., Частотныи словар Унсури, Москва, 1975; Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …