Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УНИВЕРСИТЕТ

УНИВЕРСИТЕТ

УНИВЕРСИТЕТ (аз лотинӣ universitas — маҷмӯъ), муассисаи олию илмию таълимист, ки дар он маҷмӯи илмҳои асосӣ омӯхта мешавад. Мутахассисони соҳаҳои гупогуни хоҷагии халқ, илму санъатро тайёр мекунад, инчунин тадқиқоти илмӣ мебарад.

dmt

Аввалин университет дар Эрон бо номи Ҷанди Шопур пеш аз аҳди ислом амал мекард. Дар Европа (Итолия, Испания, Франсия, Англия) университетҳо дар асрҳои 12—13 пайдо шуданд. Университети Академиявии Петербург (1726—66) ва университети Москва (аз 1755) аз аввалин университетҳои Россия буданд. Соли 1916 дар Россия 11 университет вуҷуд дошт. Ҳоло дар СССР 68 университет амал мекунад (1980). Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1948 ташкил шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …