Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ, Университетҳои шабонаи марксизм-ленинизм, яке аз шаклҳои звепои олии таълими сиёсӣ дар системаи маорифи партиявист. Мӯҳлати таҳсил 2—3 сол. Ҳайати шунавандагони Университети марксизм-ленинизмро комитетҳои КПСС, ки университетҳо дар назди онҳо ташкил шудаанд, муқаррар мекунанд. Ба Университети марксизм-ленинизм аъзоёни партия, комсомолон ва фаъолони бепартиявии бештар маълумоти олидор бо тавсияи ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ қабул карда мешаванд. Университети марксизм-ленинизм 3 факултет (умумӣ, фаъолони партиявию хоҷагӣ ва пропагандистӣ) доранд. Шунавандагон таърихи КПСС, иқтисоди сиёси, материализми диалектикию таърихӣ, коммунизми илмӣ, масъалаҳои сиёсати иқтисодии КПСС дар давраи ҳозира, масъалаҳои ндораи истеҳсолот, сохтмони партиявию совети, адабиёту санъат, асосҳои қонунгузории советӣ, психологияи ҷамъияти, сиёсати берунии СССР ва муносибатҳои ҳозираи байналхалқиро меомузанд. Университети марксизм-ленинизм мувофиқи планҳои тасдиқкардаи КМ КПСС амал мекунанд.
Баъди хатми таҳсил ба шунавандагон диплом медиҳанд. Университети марксизм-ленинизм дар СССР аз соли 1938 боз вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон Университети марксизм-ленинизм бори аввал соли тоҳсили 1943—44 дар назди Комитети партиявии шаҳри Сталинобод ташкил ёфт. Университети марксизм-ленинизм ҳоло дар назди комитетҳои партиявии вилоятҳои Ленинободу Кӯлоб низ амал мекунанд.
Соли таҳсили 1982—83 дар Университети марксизм-ленинизми Тоҷикистон 2065 шунаванда (1526 нафар аъзои КПСС) таҳсил намуд. И. Салоҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …