Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ ОСИЁИ МИЁНА

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ ОСИЁИ МИЁНА

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ ОСИЁИ МИЁНА (САКУ) ба нони В. И. Ленин, мактаби олии партиявӣ. 20 марти 1923 дар заминаи Университети коммунистии коргару деҳқони Туркистон ташкил ёфт ва бароп республикаҳои Осиёи Миёна ходимони партиявӣ ва советии соҳибихтисос тайёр мекард. Дар Университети коммунистии Осиёи миёна муддати таҳсил 3 сол ва баъдҳо 4 сол буд. Дар назди Университети коммунистии Осиёи миёна шӯъбаҳои тайёрӣ, ғоибона ва ғайра вуҷуд дошт. Университети коммунистии Осиёи миёна аввалҳо ба рёспубликаҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм, баъд аз тақсимоти ҳудуди миллӣ ба республикаҳои Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қарокалпоқистон мутахассис мефиристод. Дар Университети коммунистии Осиёи миёна шӯъбаи асосӣ дорои чор гурӯҳ (ӯзбакӣ, қирғизию қазоқӣй, тоторию уйғурӣ ва русӣ) буда, коркунони роҳбарикунандаи партиявию советӣ, иттифоқҳои касаба ва комсомоли таёор мекард. Университети коммунистии Осиёи миёна ба шунавандагон аз таърихи партия, фалсафа ва иқтисоди сиёсии марксистӣ, аз сосиализми илмӣ, аз таърихи ҳаракати революционии Россия ва тамоми ҷаҳон, аз таърихи Осиёи Миёна, аз сохтмови партиявию совети маълумот медод. 8 октябри 1932 Университети коммунистии Осиёи миёна ба Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна табдил ёфт. Университети коммунистии Осиёи миёна журнали илмии худро дошт, якчанд маҷмӯаҳои умумӣ баровардааст. И. Келдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …