Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ КОРГАРУ ДЕҲҚОНИ ТУРКИСТОН ба номи В. И. Ленин

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ КОРГАРУ ДЕҲҚОНИ ТУРКИСТОН ба номи В. И. Ленин

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ КОРГАРУ ДЕҲҚОНИ ТУРКИСТОН ба номи В. И. Ленин, мактаби яксолаи партиявӣ барои тайёр кардани коркунони партиявию советӣ ва комсомолӣ. Феврали 1922 дар заминан ду университети коммунистӣ — университети коммунистии коргару деҳқони Туркистон (УККДТ) барои миллатҳои маҳаллӣ (таъсисаш августи 1921) ва УККДТ барои европоиён (таъсисаш сентябри 1921) ташкил ёфт. Университет ду шӯъба дошт: шӯъбаи туркистонӣ барои миллатҳои маҳаллӣ ва шӯъбаи европоӣ барои миллатҳои европоӣ. Программаи таълими университет илмҳои маълумоти умумӣ, асосҳои марксизм-лепинизм, таърихи партия, таърихи ПК Туркистон, масъалаҳои сохтмони партиявӣ ва советиро дар бар мегирифт. Университет августи 1923 ба Университети коммунистии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленин табдил дода шуд.
И. Келдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …