Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ МУТТАҲИДАИ МИЛЛАТҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ, ИЛМ ВА МАДАНИЯТ, ЮНЕСКО

ТАШКИЛОТИ МУТТАҲИДАИ МИЛЛАТҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ, ИЛМ ВА МАДАНИЯТ, ЮНЕСКО

ТАШКИЛОТИ МУТТАҲИДАИ МИЛЛАТҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ, ИЛМ ВА МАДАНИЯТ, ЮНЕСКО (United Nations Educational, Scientific аnd Сultural Оrganization —UNESCO), ташкилоти байниҳукуматӣ; муассисаи махсуск ТДМ. Аз соли 1946 амал мекунад ва мақсадаш мусоидат намудан ба сулҳу бехатарии байналхалқӣ байни давлатҳо бо роҳи инкишофи ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаи маориф, илм ва маданият мебошад. ЮНЕСКО бисёр масъалаҳоро аз қабили маҳви бесаводӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ ва ҳамфикрии байналхалқӣ, ҳамкори дар танёр кардани кадрҳои миллӣ, омӯхтани маданияти миллатҳо, омӯзиши масъалаҳои илмӣ ва ғайра ҳал мекунад. Бо қарори он 100-солагии зодрӯзи С. Айнӣ (1978), 1000-солагии Берунӣ (1973) ва Ибни Сино (1980) ҷашн гирифта шуд. Беш аз 150 давлат (1 январ 1986) аъзои ЮНЕСКО мебошанд.

unesco
Органи олии ЮНЕСКО — Конференсияи Генералӣ, органҳои иҷроия — Совети иҷроия ва котибот буда, ба онҳо директори генералӣ сарварӣ мекунад. Директори генералии ЮНЕСКО — А. М. М. Боу (Сенегал, аз нояби 1974). Котиботи ЮНЕСКО дар Париж ҷойгир аст.
ЮНЕСКО «Курер ЮНЕСКО»-ро ба 15 забон, аз ҷумла ба форси-тоҷикӣ (аз январи 1957 ба забони русӣ низ) чоп мекунад. Дар як сол 11 шумора мебарояд. Дигар нашрияҳои даврагӣ низ дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …