Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УМНЯКОВ Иван Иванович

УМНЯКОВ Иван Иванович

УМНЯКОВ Иван Иванович (5. 8. 1890, Петрозаводск—21. 2. 1976, Москва), шарқшиноси советии рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна, профессор (1956), Ходими Хизматнишон додаи Илми РСС Узбакистон (1958). Аз оилаи хизматчин ҳарбӣ, Соли 1914 факултети забонҳои Шарқи Университети Петербургро хатм намудааст. Ба омӯзиш ва тавсифи дастнависҳои шарқӣ, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои вақф машғул шуд. Минбаъд дар мактабҳои олии Самарқанд факултети педагогиро давом дод. Интишор ва тадқиқи манбаъҳои муҳимми илмӣ оид ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҳудуд- ул-олам» (асри 10), «Абдуллонома»(асри 16) ва ғайра самараи кори Умняков мебошанд. Тадқиқоти Умняков доир ба таърихи тахориён, осори Маҳмуди Қошғарӣ, ислоҳоти пулии Абдуллохони II ба аҳамияти калон моликанд. У муаллифи асари муҳим оид ба феҳрист ва баёноти мухтасари осори илмии акад. В. В. Бартолд аст, ки соли 1976 нашр гардид. Мақолаҳои Умняков оид ба этимологияи калимаи «тоҷик», таърихи пахтакорию истифодаи замин дар Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ ва ғайра ҷолиби диққатанд. Умняков бештар аз 60 асари илмӣ таълиф намудааст. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Адабиёт: Библиографические очерки о деятелях общественных наук Уэбекистана, том 2, Ташкент, 1977. А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …