Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «УММОН-УЛ-МАОНӢ»

«УММОН-УЛ-МАОНӢ»

«УММОН-УЛ-МАОНӢ» фарҳанги тафсирии тоҷикист, ки соли 1455 Шайх Низом ном касе таълиф кардааст. «Уммон-ул-маонӣ» тақрибан 14 ҳазор моддаи луғавӣ дошта, аз рӯи тартиби алифбои арабиасоси тоҷикӣ — ҳарфҳои аввал ва охири калимаю ибораҳо (ҳарфи аввал — боб ва ҳарфи охир — фасл) сохта шудааст. Калимаҳое, ки бо ҳарфҳои хоси тоҷикӣ (п, ч, ж, г.) сар мешаванд, алоҳида не, балки дар бобу фаслҳои ҳарфҳои ҷуфти алифбои арабиасоси тоҷикӣ (б, ҷ, з,к) ҷой гирифтаанд. Сарчашмаҳои мавриди истифодаи муаллиф зикр нашудаанд. Дар «Уммон-ул-маонӣ» калимаҳои ба маънои маҷозӣ омада, таъбирот ва ғайра низ тафсир ёфтаанд: бемағз — ҷоҳил; бӯфурӯш — аттор; дароззабон — мутакаббир; даст шуст — ноумед шуд; дуди чароғ хӯрд — дуруст мутолиа кард; хусрави ситорагон— офтоб. Ба ғайр аз калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ) баъзе калимоти арабӣ, туркӣ, паҳлавӣ, ибронӣ, суриёнӣ ва ғайра низ тафсир шудаанд. Як нусхаи «Уммон-ул-маонӣ» (нусхаҳои дигараш ҳануз дастрас нашудаанд), ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз аст, соли 1824 аз тарафи Мирзо Ниёз ном котиб дар Тошканд бо хати настаълиқи осиёимиёнагӣ китобат шудааст.
Адабиёт: Рауфов Ҳ., Луғати «Уммон-ул-маонӣ», дар маҷмуаи: Забоншиносии тоҷик, Душанбе, 1980. Ҳ. Рауфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …