Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УМЕД Маҳдии Ахвони Солис

УМЕД Маҳдии Ахвони Солис

УМЕД Маҳдии Ахвони Солис (таваллуд 1928, Тӯс), шоир ва олими эронӣ. Дар зодгоҳаш таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро фаро гирифтааст. Чанд муддат дар деҳоти назди Теҳрон муаллимӣ, сипас дар вазорати фарҳанг ва идораи радио кор кардааст. Умед барои фаъолияти сиёсии зиддидавлатиаш ду дафъа ба зиндон афтодааст. Баъди озод шудан аз хидмати давлатӣ худдорӣ намуд. Нахустин шеърҳои Умед дар охири солҳои 40 нашр гардидаанд. Ашъораш дар маҷмуаҳои «Арғунун» (1951), «Зимистон» (1956), «Охири «Шоҳнома» (1959), «Аз ин Авесто» (1965), «Шикор» (1966), «Поиз дар зиндон» (1969), «Беҳтарин умед» (1969), «Ошиқонаҳо ва кабуд» (1969) ва ғайра фароҳам омадаанд. Умед дар давраҳои аввали эҷодиёташ асосан ба шакл ва услуби шеъри классикӣ пайравӣ намуда, бештар ғазал навиштааст. Аз ибтидои солҳои 50 ашъори ӯ дар равияи «шеъри нав» эҷод шудаанд. Умед яке аз тарафдорони ҷиддии Нимо Юшиҷ буда, оид ба мақоми шоирии ӯ ва заминаҳои иҷтимоии инкишофи «шеъри озод» мақолаю рисолаҳо навиштааст. Шеърҳои Умед ҷанбаи иҷтимоӣ ва фалсафӣ доранд. Шоир дар онҳо ба бисёр рӯйдодҳои муҳимми иҷтимоӣ ҷавоб гуфтааст.
Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …