Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УМАРОВА Назира Файзиевна

УМАРОВА Назира Файзиевна

УМАРОВА Назира Файзиевна (таваллуд 10. 2. 1915, шаҳри Хуҷанд), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1945.
Солҳои 1936—39 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст.
Солҳои 1939—41 дар таваллудхонаи шаҳри Тошканд ҳамшираи тиббӣ буд. Солҳои 1941—48 дар сафи Армияи Советӣ, дар госпитали 300-уми собиқ Полки 407-уми Фронти Ғарбӣ ва госпитали 877-уми эвакуасионии Фронти Шарқи Дур, госпитали эвакуасионии 807-уми гурӯҳи қисмҳои ҳарбии Примория хизмат кардааст. Солҳои 1948—50 инспектори шӯъбаи тандурустии раёни Ленинобод, 1950—72 ҳамшираи тиббии таваллудхонаи шаҳри Ленинобод буд. Аз январи 1973 дар нафақа. Умарова аъзои клуби шӯҳрати ҷангӣ ва меҳнатии шаҳри Ленинобод аст. Бо ордени Ленин ва 9 медал мукофотонида шудааст. А. ОЛИМОВА.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …