Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии САЛВАДОР

Ҷумҳурии САЛВАДОР

САЛВАДОР, Республикаи Эл- Салвадер (Republics de El Salvador), давлат дар Америкаи Марказӣ. Аз Ҷануб онро уқёнуси Ором иҳота кардааст. Дар Шимол ва Шарқ бо Гондурас ва дар Ғарб бо Гватемала ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 21,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 5,11 млн нафар (1983). Пойтахташ шаҳри Сан- Салвадор. Аз ҷиҳати маъмурӣ территорияи Салвадор ба 14 департамент тақсим шудааст.

rs
Сохти давлатӣ. Салвадор — республика. Конститутсияи ҷориаш декабри 1983 қабул шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат — президент, ки ӯро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб менамояд. Аъзоёни ҳукуматро президент таъин мекунад. Органи олии ҳокимияти қонунбарор — Ассамблеяи қонунбарор. Системаи судӣ: Суди олӣ, судҳои инстансияи 1-ум ва судҳои оштидиҳанда.
Табиат. Қисми зиёди мамлакатро кӯҳсори вулконии баландиаш 600— 700 м. ишғол кардааст, ки силсилаи вулқонҳои хомӯш (дар Шимол) ва амалкунанда (Санта-Ана, 2381 м. нуқтаи баландтарини Салвадор ва ғайра) дорад. Дар ин ҷо зуд-зуд зилзила рӯй медиҳад: Дар ҷануби мамлакат, қад- қади соҳили уқёнуси Ором минтақаи пастии камбар (10—30 км) тӯл кашидааст. Иқлими Салвадор тропикии пассатӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар шаҳри Сан- Салвадор 22—240С, дар пастй 2— 30С аз он баландтар аст. Боришоти солона 1500—1800 мм (дар Шимол то 2500 мм). Дар Салвадор дарёҳои хурди
камоб ва пуртуғён, инчунин кӯлҳои вулқонӣ бисёранд. Хокаш асосан сурхи ҷигартоби ферралитӣ. Набототи табии қариб саросар нобуд шудааст, дар кӯҳҳои баланд бешаҳои дарахтони булуту санавбар боқӣ мондаанд. Олами ҳайвонот: тапир, маймунҳои паҳнбинӣ, юрмон, кӯрмуш ва ғайра. Парранда, хазандаю ҳашарот хеле бисёр.
Аҳолӣ. Дар Салвадор асосан салвадориҳо, инчунин дурагаҳо, сафедпӯстону ҳиндиҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — испанӣ. Дини расмӣ — католикӣ. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 239 нафар (1983). Шаҳрҳои калон:
Сак-Салвадор, Санта-Апа, Сап-Ми- гел, Сакатеколука, Нуэва-Сап-Сал- вадор, Ауачапан.
Очерки таърихӣ. То асри 7 дар территорияи Салвадор ҳиндиҳои майя ва ибтидои асри 16 дар ғарб ва маркази мамлакат ҳиндиҳои пипил ва дар шарқ ҳиндиҳои ленка маскан карда буданд. Ҳиндиҳо асосан зироаткор буданд. Территорияи Салвадор ва шаҳри асосӣ Кӯскатлан ном дошт. Харобаҳои шаҳрҳои Кӯскатлан. Кохутепеке ва дигарарон аз дараҷаи баланди тамаддуни Салвадор гувоҳӣ медиҳанд. Тамоми аҳолии Салвадор ба тоифаҳо ҷудо мешуд. Хати иероглиф вуҷуд дошт. Дар солҳои 20 асри 16 территорияи Кӯскатланро испаниҳо забт карда, ба мамлакат Салвадор ном доданд. Солҳои 1560— 1821 Салвадор ба ҳайати генерал калитани Гватемала дохил мешуд. Дар рафти ҷанг барои истиқлолияти мустамликаҳои Испания дар Америка (1810— 1826) генерал капитании Гватемала истиқлолияти худро (15 сентябр 1821) эълон кард. Аммо дере нагузашта Салвадорро қӯшунҳои Мексика забт карданд ва он ба империяи Итурбидеи Мексика ҳамроҳ карда шуд. Баъди таназзули империяи Итурбиде Салвадор ба федератсияи музофотҳои Муттаҳидаи Америкаи Маркази ҳамроҳ гардид. Салвадор аз соли 1841 республикаи соҳибихтиёр. Бо ёрии капитали хориҷӣ, ки ба Салвадор cap дароварда буд, сохтмони роҳи оҳан оғоз ёфт, сол то сол киштзори қаҳва васеъ мешуд, ки он дере нагузашта яке аз восита- ҳои асосии экспорти Салвадор гардид. Дар натиҷаи таъсири ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр солҳои 20 дар Салвадор иттифоқҳои касаба ва солт 1930 Партияи коммунистӣ ташкил шуд. Баъди табаддулоти ҳарбии декабри 1931 ба сари ҳокимият генерал М. Эрнандес Мартинес омада тартиботи диктаторӣ ҷорӣ намуд. Соли 1944 диктатура сарнагун гардид; соли 1950 конститутсия қабул карда шуд, ки он озодии демократиро эълон кард. Аммо дере нагузашта дар мамлакат боз тартиботи диктатурӣ ҷорӣ шуд, ҳукумати нав дар муносибатҳои дохилию хориҷӣ сиёсати реаксиониро пеш гирифт. Салвадор аъзои Ташкилоти давлатҳои Амерокаи Марказӣ ва аъзои Совети мудофиаи Америкаи Марказӣ шуда, тамоми чорабиниҳои Америкаро, ки бар зидди Кубаи револютсионӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳонаи давлатҳои Нимкураи ғарб равона карда мешуд, дастгирӣ кард. Ноябри 1974 байни СССР ва Салвадор доир ба савдо шартнома баста шуд. Октябри соли 1979 дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ, ки он ҳокимияти Ромероро сарнагун кард, ..ба сари давлат хунтам ҳарбӣ бо сардории полковник Антонио Махано омад.
Дар давоми соли 1979 муқобилати оммаи халқ бар зидди тартиботи диктатураи ген. Ромеро торафи қувват гтрифт. Моҳи март бо даъвати Конфедератсияи ягонаи меҳнаткашони СалвадорИдар пойтахт бар зидди диктатура намоишт оммавӣ шуда гузашт. Сардорони ҳукумат роҳи ҷазову фишори сахтро пеш гирифтанд. Охири март пешвои Федератсияи ягонаи иттифоқҳои касабаи мамлакат О. Армандо Интериано кушта шуд (дар давоми сол зиёда аз 500 нафар норозиён аз тартибот кушта шуданд ва тақрибан ҳамон қадар «бе ному нишон» шуда рафтанд). Моҳи апрел ба таври ғайрилегалӣ съезди 7-уми Партияи Коммунистии Салвадор шуда гузашт. Коммунистон барои ташкили Фронти ягона ҳарҷониба мекӯшиданд.
15 октябр гурӯҳи офитсерон табаддулоти ҳарбӣ кард, тартиботи К. Умберти Ромеро сарнагун шуд (диктатор ба хориҷа фиpop кард). Ҳокимият ба дасти хунтам ҳарбӣ-гражданӣ гузашт. Соли 1980 дар мамлакат муборизаи меҳнаткашон ба муқобили сиёсати зиддихалқии хунта авҷ гирифт. Моҳи январ органи координатсионии ташкилотҳои оммавии револютсионӣ (ОКТОР) ташкил шуд, ки ба он Блоки халқии револютсионӣ, Иттифоқи демократии милли, Фронти амалиёти муттаҳидаи халқӣ, ҳаракат баҳри озодии халқ ва ғайра дохил гардиданд. Моҳи феврал хунта дар бобати қатъ намудани фаъолияти конститутсияи соли 1962 декрет қабул кард. Охири марти 1980 агентҳои ташкилотҳои террористии ултраи рост архиепископи шаҳри Сан-Салвадор О. Арнулфо Ромероро ваҳшиёна куштанд. ОКТОР ба сифати эътироз ба ин ваҳшоният корпартоии умумимиллии 8-рӯза эълон кард. Рӯзи дафни О. Арнулфо Ромеро қӯшунҳои ҳукуматӣ ва гвардияи миллӣ маросими тантананокӣ ҷанозабариро тирборон карданд. (тақрибан 100 кас кушта ва зиёда аз 300 кас ярадор шуд). Моҳи апрел Фронти револютсионии демократӣ (ФРД) ташкил шуд, ки ба он ҳамаи ташкилотҳои ОКТОР, инчунин ҳаракати миллии револютсионӣ (ҲМР), Ҳаракати халқии сотсиал-демократӣ (ҲХСД), марказҳои иттифоқҳои касаба ва ғайра ҳамроҳ шуданд. Қувваҳои ватандӯст
халқро ба муборизаи зидди хунта даъват карданд. Моҳи май органи олии ҳарбӣ-сиёсии ташкилотҳои револютстонӣ — Роҳбарияти муттаҳидаи ревотосионӣ (РМР) ташкил шуд ва ба ҳайати он роҳбарони Қувваҳои халқии озодкунии ба номи Фарабундо Марти, Партият Коммунистии Салвадор, Қувваҳои мусаллаҳи муқобилати миллӣ, Партияи револютсионии Салвадор дохил шуданд.
Аз яновари 1981 отрядҳои Фронти озодкунии миллии ба номи Фарабундо Марти дар тамоми мамлакат ба амалиётҳои ҷангӣ гузаштанд. Амалиёти ватандӯстонро аҳолии мамлакат фаъолона дастгири мекард. Январ — феврал дар 50 корхонаи калони саноатӣ ва дар чандин идораҳои давлатӣ меҳнаткашон ба таври оммавӣ корпартоӣ карданд. Қӯшунҳои ҳукуматӣ мисли пештара бар зидди меҳнаткашон амалиёти ҷазодиҳӣ мегузарониданд. 28 марти 1982 ба ном интихоботи умумии демократӣ шуда гузашт. Таҳти назорати сахти политсия аҳолӣ ба ҳайати Ассамблеяи конститутсионӣ 60 депутат интихоб кард, Ассамблеяи конститутсионӣ моҳи апрел то қабул шудани конститутсияи нав президенти муваққатӣ таъин намуд. 2 май президент муваққатӣ — А. Магана ва 3 ноиб-президент қасам ёд карданд, ҳукумат ташкил карда шуд. Фронти револютсионӣ-демократӣ ва озодкунии миллии ба номи Фарабундо Марти ба интихоботи моҳи март ба Ассамблеяи конститутсионӣ ҳамчун ба тарзи рафтори нави импе-риализми ИМА ва доираҳои ҳукмрони Салвадор баҳо медод, чунки он ба муқобили халқи Салвадор равона карда шуда буд.
Дар зарфи тамоми сол отрядҳои Фронти озодкунии миллии ба номи Фарабундо Марти дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат бо қӯшунҳои ҳукуматӣ ҷангҳои шадид бурданд. Моҳи январ шӯришгарон ба базаи ҳарбӣ ва аэродроми Илопанго ҳуҷум карданд. Дар рафти тамоми сол амалиёти партизанҳо қатъ нагардид.
Дар сиёсати хориҷӣ ҳукумати Салвадор мисли пештара ИМА-ро, ки он Салвадорро ба сифати платсдарм дар мубориза бар зидди Никарагуа истифода бурданӣ буд, дастгирӣ мекард. Моҳи декабр А. Магана дар Коста-Рика бо президенти ИМА Р. Рейган вохӯрда бо ӯ мулоқот кард. Ибтидои соли 1983 отрядҳои Фронти оодкунии миллии ба номи Фарабундо Марти ба ҳуҷуми қатъӣ гузашта дар департаментҳои Усулутан, Сан-Мигел ва ғайра чандин пунктҳои аҳолинишинро ба даст дароварданд. Моҳи апрел вазири мудофиа X. Гилермо Гарсия ба истеъфоъ баромад, ба ҷои ӯ Э. Вндес Касанова таъин шуд. Моҳи сетябр дар Сан-Салвадор намоиши калон барпо шуд, ки дар он тақрибан 15 ҳазор кас иштирок кард. Тирамоҳ дар департаментҳои Чалатонанго, Усулутан, Морасан, Сан-Мигел органҳои худидоракунии халқӣ барпо шуданд.
Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. П а р т и я и христиании
демократ ӣ, таъсисаш 1960. Партияи ҳукмрон. Партияи мадор о и м и л л а т, таъсисаш 1961. Манфиати буржуазияи аграрӣ-саноатӣ, молиявӣ-тиҷоратӣ ва ҳарбиёни реаксионерро ҳимоя мекунад. Ҳарака т и
х а л қ и и с о тс и а л-х р и с т и а н ӣ, таъсисаш 1960. Ба Фронти револютсионӣ-демократӣ дохил мешавад; ташкилот ва партияҳои прогрессивии демократро муттаҳид мекунад. Ҳа ра к а ти миллии револ ютсионӣ, таъсисаш 1967. Манфиати буржуазияи хурд, як қисми меҳнаткашон, зиёиёни пешқадам, студентонро ифода мекунад. Иттиф о қ и миллатпарасти р еспу б л и к а в ӣ, таъсисаш 1981. Партияи ултраи рост. Партияи Коммунистии Салвадор, таъсисаш 1930. Дар вазъияти ғайрилегалӣ амал мекунад. Комитет и я г о нагии и т т и ф о қ ҳ о и касаба, таъсисаш 1980. Конфедератсияи у м и и и т т и ф о қ ҳ о и
к а с аб а, таъсисаш 1958. Таҳти назорати ҳукумат.
Иқтисодиёт. Салвадор мамлакатт сусттараққикардаи аграрӣ буда, асосан барои экспорт зироати хоҷагии қишлоқ истеҳсол мекунад. Дар иқтисодиёти Салвадор капитали хориҷӣ (асосан капитали ИМА) роли калон мебозад. Аз 2/3 территорияи мамлакатро заминҳои хоҷагии қишлоқ ишғол намудааст, ки 49% он киштзор, 51% он марғзору чарогоҳ аст. Шаклҳои гуногуни иҷораи замин ва истисмори нимфеодалӣ вуҷуд доранд. Қариб 2/5 ҳиссаи арзиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқро зироати экспортӣ — қаҳва медиҳад. Салвадор аз ҷиҳати истеҳсоли қаҳва дар Америкаи Лотинӣ (баъди Бразилия ва Колумбия) дар ҷои сеюм меистад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пахта низ яке аз зироатҳои асосии экспорти мамлакат гардид. Барои эҳтиёҷоти худи мамлакат ҷуворимакка, лубиё, шоли, пахта, қаҳва ва ғайра парвариш карда мешавад. Соли 1980 мамлакат 1440 ҳазор сар гов, 421 ҳазор сар хук ва 90 ҳазор cap асп дошт.
Саноат асосан аз корхонаҳои коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ иборат аст. Соҳаҳои асосии саноатт хӯрокворӣ: истеҳсоли қанд, орд, тамоку ва ғайра. Саноати бофандагӣ тараққӣ кардааст. Дар Салвадор фабрикаҳои пойафзол, дӯзандагӣ ва дигар фабрикаҳо мавҷуданд. Дар шаҳри Акахутла заводҳои коркарди нефт ва семент кор мекунанд. Соли 1981 дар Салвадор 1560 млн кВт-e қувваи электр истеҳсол карда шуд. Дарозии роҳи оҳан қариб 700 км (1980), роҳҳои автомобилгард 10,7 ҳазор км.
Нигаҳдории тандурустӣ. Солҳои 1980 ба 1 ҳазор аҳолӣ 40,7 таваллуд, 8,6 фавт ва ба 1 ҳазор нафар кӯдаки навзод 52,5 фавт рост омад. Дарозии миёнаи умр—58 сол. Бемариҳои сироятӣ, вараҷа, ҷимоӣ, сил, меъдаю рӯда ва ғайра паҳн шудаанд. Салвадор зиёда аз 80 беморхоха дорад, ки дар онҳо 952 духтур (1 духтур ба 3,6 ҳазор нафар аҳолӣ), 372 духтури дандон ва қариб 4 ҳаз, корманди миёнаи тиб кор мекунанд.
Маориф. Дар территорияи ҳозираи Салвадор аввалин мактабҳо (миссионерӣ) дар асри 16 кушода шуданд. Дар асри 19 мактабҳои дунявии маълумоти умумӣ пайдо шуданд. Системаи маорифи ҳозираи он аз боғчаҳои бачагонаи давлатӣ, мунисипалӣ ва шахсӣ, мактаби ибтидоии 6-солаи ҳатмӣ, мактабҳои миёнаи 5-солаи шаҳрӣ ва мактабҳои 2—4-солаи деҳа ва ғайра иборат аст. Солҳои 1980 дар муассисаҳои томактабӣ 24,2 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Дар 2787 мактаби ибтидоӣ қариб 510 ҳазор, дар мактабҳои маълумоти умумии миёна 60,9 ҳазор, дар мактабҳои касбомӯзӣ 27,4 ҳазор талаба мехонд. Мактабҳои олӣ: Университети Салвадор (таъсисаш 1841) ва Университети хусусии Америкаи Марказӣ (таъсисаш 1965) дар Сан-Салвадор, Иниверситети техникии Америкаи Марказӣ дар Нуэва-Сан-Сал- вадор ва ғайра. Дар мактабҳои олӣ беш аз 12 ҳазор студент мехонд. Дар Сан- Салвадор Китобхонаи миллӣ (таъсисаш 1870), Музейи миллӣ (таъсисаш 1863), боғи ҳайвонот ва ботаникӣ ҳастанд.
Матбуот, радио, телевизион. Соли 1975-ум 48 нашрияи даврӣ, аз он ҷумла 12 газетаи ҳаррӯза аз чоп мебаромад. Газетаҳои калонтарини Сан- Салвадор: «Диарио де ой» («Е1 Diario deHoy»), аз соли 1936 «Диарио латино» («Diario Latino»), аз соли 1890; «Диарио офисьял» («Diario Oficiah), аз соли 1875, органи ҳукуматӣ; «Мундо» («Е1 Mundo»); «Вердад» («La Ver- dad»), органи КМ Партияи коммунист Дар Салвадор як радиостансияи ҳукуматӣ ва 50 ширкати радиошунавонӣ, 4 стансияи телевизион кор мекунад.
Адабиёт. Аз ҳиндиҳои майя-кичо хати қадимае боқист, ки ҳануз муаммояшро накушодаанд. Адабиёте, ки то асри 19 ба забони испанӣ таълиф шуда буд, асосан характери динӣ дошт. Адабиёти миллй баъди истиқлолият (1841) инкишоф ёфт. Назми нимаи асри 19 бештар романтики буд: М. Алварес Кастро (1795—1856), Э. Ойос (1810—1859, маҷмӯаи шеърҳои «Апострофҳо»), X. X. Капяс (1826— 1918) — муаллифи гимни миллӣ ва шеърҳои ватанпарварӣ ва дигар намояндагони ин жанр буданд. Баъд ба ҷои романтизм «модернизм» омад, ки машҳуртарин намояндаи он пайрави Р. Дарио Ф. Гавидиа (1863— 1955) буд. Дар «Асарҳо»-и ӯ (1913) идеалҳои демократӣ ифода ёфтаанд. С. Саласар Арруз (тахаллусаш Саларруз) дар ҳикоятҳои худ ҳақиқатро инъикос менамояд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар адабиёти Салвадор ғояҳои иҷтимоӣ мақоми махсус пайдо кард. М. А. Эспино (1902—1967) дар романаш «Одамон ва марг» (1947) истисмори бераҳмонаи батраконро ба қалам медиҳад. Романи «Мардҳои ҳақиқӣ»-и (1959) К. А. Кастро (таваллудаш 1926) аз ҳаёти ҳиндиён аст. Ашъори О. Эскобар Веладо (1918—1961), Р. Далтон Гарсиа (таваллудаш 1935) ва дигарон ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ бахшида шуда аст.
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Маданияти қадимаи ҳиндиҳои Салвадор дар Ғ. д. Лемпа бо тамаддуни территорияи ҷануби Мексика, Гватемала ва Гондурас ҷои тӯббозиҳои маросимӣ, муҷассамаҳои сангини худоҳо ва ғайраҳо) ва дар Ш. д. Лемпа бо маданияти территорияи Никарагуа ва Коста-Рика (истеҳкомҳои похсагину сангин, санги осиё бо нақшҳои сари ҳайвонҳо, зарфҳо ва ғайраҳо) алоқаманд буд. Санъати меъмории Салвадор дар давраи мустамликавӣ ба меъмории Гватемала пайравӣ мекард (дар шаҳрҳо сохтани биноҳои якошёна, калисоҳои паст, ки даромадгоҳи пештоқдори онҳо нақшунигор ва кандакорӣ карда мешуданд, расм гардид). Танҳо дар нмаи дуюми соли 1940 ба сохтани биноҳои замонавӣ (банкҳо, меҳмонхонаҳо, идораҳо ва ғайраҳо; меъморон А. Сол ва Э де Сола) шурӯъ намуданд. Санъати тасвирии асри 20 Салвадор бо таъсири санъати тасвирии Европа ва Мексика инкишоф ёфт. Рассом Салвадор Саллрруэ аввалин шуда ҳаёти халқро тасвир кардааст. Барои паҳн шудани ғояҳои пешқадам дар санъати рассомӣ ва графикаи Мексика ҳиссаи X. Мехиа Видес бузург аст. Санъати анъанавии халқии Салвадор аз давраҳои қадим маъмул гаштааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …