Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛЯНОВ Иля Николаевич

УЛЯНОВ Иля Николаевич

ulyanov-in

УЛЯНОВ Иля Николаевич (31. 7. 1831. Астрахан—24. 1. 1886, Симбирск), педагоги демократи рус. Падари В. И. Ленин.

Аз оилаи хизматчӣ. Ташкилотчии маорифи халқ дар губернияи Симбирск. Солҳои 1869—86 аввал инспектор, сипас директори Омӯзишгоҳи халқии губернияи Симбирск. У тарафдори таҳсили якҷояи писарон ва духтарон, дороҳо ва камбағалон буд. Соли 1871 дар Симбирск барои чувашҳо, дар губерния барои мордваҳо ва тоторҳо мактабҳо кушод. Ба ташаккули хислат ва ҷаҳонбинии фарзандони худ таъсири калон расонид. Институти педагогии шаҳри Уляновск номи И. Н. Уляновро гирифтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …