Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛУҒБЕК Муҳаммад Тарағай

УЛУҒБЕК Муҳаммад Тарағай

УЛУҒБЕК Муҳаммад Тарағай (22. 3. 1394, шаҳри Султонияи Эрон —27. ё 29. 10. 1449, Самарқанд), арбоби давлатӣ ва маъ рифатпарвари Осиёи Миёна. Набераи Темур. Соли 1409 ҳокими Самарқанд эълон шуд. Пас аз марги падараш Шоҳрух (1447) ҳокими Мовароуннаҳру Хуросон гардид. Бо ташаббуси Улуғбек мадраса  сохта шуд. До нишмандони барҷастаи давр Муҳаммади Хофӣ, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Кошӣ, Алӣ Қушчӣ, Абдурраҳмонӣ Ҷомӣ ва дигарон аввалин мударридсони ин мадраса буданд. Соли 1424 расадхонаи Улуғбек бино ёфт. Дар асоси ин расадхона мактаби илмии Самарқанд барпо гардид. Натиҷаҳои кори илмии чандинсолаи ии мактаб дар «Зиҷи Курагонӣ» ҷамъбаст шуд, ки ба тоҷикӣ таълиф ёфтааст. «Тӯрт улус» (Чаҳор улус), «Таърихи араб улус» («Таърихи улуси араб»)- ро низ ба қалзми Улуғбек мансуб медонанд. Улуғбек бо супориши писараш Абдуллатиф кушта шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …