Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛФАТ Гулпочо

УЛФАТ Гулпочо

УЛФАТ Гулпочо (1909—1977), нависанда ва ходими ҷамъиятии афғон. Ба забони пушту менавишт. Президенти Академияи улуми Афғонистод (1956—63), раиси Ҷамъияти дӯстии Афғонистону СССР (1958—63), инчунин муҳаррири рӯзномаву маҷаллаҳо буд. Ду маҷмӯаи шеърҳо «Ашъори мунтахаб» (195$) ва «Садои қалб» (1962) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. У дар ашъораш мавзӯъ, сюжет ва образҳо, анъанаҳои адабиёти клдссикӣ, аз ҷумла, анъанаҳои Рӯдакиро идома додааст. Забони ашьораш соддаю фаҳмо, аз такаллуфоти шоирона орист. Улфат асарҳои мансури бадеӣ ва оид ба сабкшиносӣ, мантиқ расмуллат асарҳои илмӣ низ таълиф кардааст. Намунаи ашъораш дар Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Адабиёт: Герасимова А., Гирс Г., Литература Афганистана, Москва, 1983.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …