Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛАНОВА Галина Сергеевна

УЛАНОВА Галина Сергеевна

ulanova-gs

УЛАНОВА Галина Сергеевна (таваллуд 8. 1. 1910, Петербург), артисткаи балети советӣ, артисти Халқии СССР (1951), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1974). Машҳуртарин балеринаи муосир. Солҳои 1928—44 балеринаи Театри опера ва балети ба номи С. М. Киров (Ленинград), 1944—60 балерина, баъдтар балетмейстери Театри Калони СССР (Москва). Беҳтарин Партияҳои иҷрокардааш: Мария («Фаворраи Боғчасарой»-и Б. Асафев), Ҷулетта, Золушка, («Ромео ва Ҷулетта» ва «Золушка»-и С. Прокофев), Одетта-Оддиллия, Аврора («Кӯли қувон» ва «Нозанини хуфта»-и П. Чайковский), Раймонда («Раймонда»-и К Глазунов) ва ғайра. Рақсаш мукаммал ва салису равон буда, анъанаҳои мактаби хореографии рус ва советиро инкишоф додааст. М. Собирова аз ҷумлаи шогирдони беҳтарини ӯст. Лауреати Мукофоти Давлатии СССР (1941, 1946, 1947, 1950) ва Мукофоти Ленинӣ (1957).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …