Маълумоти охирин

УЛЯНОВ

ulyanov

УЛЯНОВ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 19 январи 1943. Масоҳаташ 37,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 1299 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 68%. 20 райони маъмурӣ, 6 шаҳр ва 32 птш дорад Марказаш шаҳри Уляновск.

Дарёи Волга ҳудуди вилояти Уляновро ба соҳили рости баланд (то 353 м) ва соҳили чапи паст ҷудо мекунад. Иқлимаш континентии мӯъъадил. Ҳарораташ миёнаи январ — 13°С, июл 19°С. Боришоти солона 300—500 мм. Дарёи асосӣ — Волга (шохобхояш Сура ва Свяга). Обанбори Куйбишев ҳаст. Ҳудуди Уляновро бешаҳои омехта, санавбарзорҳо ва даштҳои корами сиёҳхок фаро гирифтаанд.

Вилояти Улянов ба Ноҳияи иқтисодии Поволжия дохил мешавад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (автомобилҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизоти соҳаи саноати химия, мошинҳои хоҷагии қишлоқ маснуоти электротехникӣ ва ғайра), сабук (бофандагӣ, маснуоти чармӣ), хӯрокворӣ (ордкашӣ, ярма, равғану панир, гӯшт ва ғайра). Саноати масолеҳи бинокорӣ (семент, масолеҳ гарминогузар ва ғайра), чӯбгарӣ, стансияи электрикии атомӣ (СЭА) ҳаст. Марказҳои асосии саноатиаш: Уляновск, Димитровград. Зироати хоҷагии қишлоқ: гандум, ҷавдор, арзан, марҷумак, ҷав, сулӣ, офтобпараст, лаблабуи қанд. Гов, хук, гӯсфанд, мурғ мепарваранд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. (1966).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …