Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / УҚЁНУСИЯ

УҚЁНУСИЯ

УҚЁНУСИЯ, Океания, калонтарин тӯдаи ҷазираҳоро гӯянд, ки дар қисмҳои марказӣ ва ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, байни арзҳои субтропикии Нимкураи шимолӣ ва мӯътадили Нимкураи ҷанубӣ воқеъ гаштааст. Қариб 10 ҳазор ҷазираро дар бар мегирад. Масоҳаташ 1.26 млн км2. Аҳолиаш 6,5 млн нафар (1979). Калонтарин ҷазираҳо — Гвинеяи Нав ва Зеландияи Нав қариб 80% масоҳати Уқёнусияро ташкил медиҳанд. Ҳангоми хунукиҳоро ба қитъаҳои олам тақсим кардан Уқёнусияро одатан ба қитъаи Австралия дохил мекунанд, баъзеҳо худи Уқёнусияро қитъаи алоҳида меҳисобанд.

okeaniya

Уқёнусия ба Меланезия, Микронезия, Полинезия ва Зеландияи Нав тақсим мешавад. Аксарияти ҷазираҳо аз ҷиҳати пайдоиш вулқонӣ (ҷазҳои кӯҳсори Гавай, Самоа, Маркиз, Ҷамъият, Куки Ҷанубиаш, Тубуаи, Пасха ва ғайра) ва марҷонй (ҷазираҳои пасти Маршалл, Каролина, Гилберт, Тувалу, Токелау, Куки Шимолиаш, Феникс, Лайн, Туамоту, Наӯру ва ғайра) мебошанд. Баландтарин кӯҳ — Ҷая (5029 м) дар ҷазираиГвинеяи Нав воқеъ гаштааст. Сарватҳои истихроҷиаш: никел (Каледонияи Нав), фосфат (ҷазираҳои Науру ва Туамоту), нефт (Гвинеяи Нав), тилло (Гвинеяи Нав, Фиҷӣ), ангишт (Зеландили Нав), мис (ҷазираи Бугенвил). Иқлим уқёнуси, доимо сернам, бештар сутакваторӣ ва экваторӣ, дар ҷануб — субтропикӣ ва мӯътадил. Боришоти солона асосан камтар аз 1000 мм, дар нишебиҳои шамолраси ҷазираҳои калон то 10 ҳазор М1М. Кӯҳҳои Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои Ҷанубии Зеландияи Нав пиряхҳо (масоҳаташ зиёда аз 1000 км2) доранд. Набототаш аз бешаҳои сернами тропикӣ, саваннаҳо ва марғзорҳо иборат аст. Барои фаунаи Уқёнусия миқдори ками ширхӯрон ва фаровонии паррандаҳо хос мебошад. Аҳолӣ асосан бо деҳқонӣ ва моҳигирӣ машғул аст. Дар Уқёнусия давлатҳои зерин чойгир шудаанд: Вануату, Самоаи Ғарбӣ, Кирибати, Науру, Зеландияи Нав, Папуа-Гвинеяи Нав, Ҷазираҳои Соломон, Тонга, Тувалу, Фиҷӣ. Як қисми ҳудуди Уқёнусия мулки Британияи Кабир, Франсия, ШМА, Австралия ва Зеландияи Нав мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …