Маълумоти охирин

УҚЁНУС

УҚЁНУС (юнонӣ Океаnos), Уқёнуси Олам, табақаи яклухти оби Заминро гӯянд, ки материку ҷазираҳоро иҳота кардааст. Уқёнус масоҳати 361,06 млн км2 (ҳаҷмаш 1370 млн км3)-ро ишғол кардааст, ки тақрибан 70,8%-и (дар нимкураи шимолӣ 61%, нимкураи ҷанубӣ 81%) сатҳи заминро ташкил медиқад. Ба воситаи материкҳо ба 4 қисм тақсим мешавад: уқёнусҳои Ором (50%-и уқёнуси Олам), Атлантик (25%), Ҳинд (21%) ва уқёнуси Яхбастаи Шимоли (4%).

122

Чуқурии уқёнус ба ҳисоби миёна қариб 3800 м, ҷои аз ҳама чуқураш 11022 м (новаи Марнана дар уқёнуси Ором). Қишри замини уқёнус тунук (8—10 км) буда, қабати граниту ҷинсҳои метаморфӣ надорад. Буни уқёнус аз базалт таркиб ёфта, бо қабати таҳшинии умқи пӯшида шудааст. Қабати таҳшинҳо ба сӯи қаторкӯҳҳову миёнаҷои уқёнус торафт тунук мешавад. Қадимтарин таҳшинҳои қаъри уқёнус дар давраи юра ба вуҷуд омадаанд. Ҳарорат миёнаи солонаи обҳои сатҳӣ 17,5 С; ҳарорати баландтарин дар уқёнуси кушод дар экватор (то 28°С) мушоҳида шудааст, баробари ба қутбҳо наздик шудан ҳарорати об торафт паст мешавад; тағйири мавсимин ҳарорати об то чуқуриҳои 100—150 м ба амал меояд. Дар чуқуриҳои калон тақсимоти ҳарорат ба гардиши умқии обҳои аз сатҳ омада вобаста аст (дар қабати наздиқаърӣ ҳарорати об 1,4— 1,8°С, дар мавзеъҳои наздиқутби пасттар аз О°С аст). Шӯрии об ба ҳисоби миёна 35% о, баландтаринаш 37%о) дар баҳрҳои тропики то 39— 42%о мебошад. Гардиши об дар қабати 150—200 м бештар ба бодҳои сахти болои уқёнус, чуқуртар аз ин ба фарқи зичии об вобаста аст. Элементҳои асосии сиркулясияи об: гардишҳои антисиклонӣ (дар арзҳои субтропикӣ) ва гардишҳои сиклонӣ (дар арзҳон баланд). Ба тамоми қабати об қувваҳои маддҳосилкунандаи Моҳ ва Офтоб таъсир мерасонанд. Уқёнус захираи бои биологӣ (моҳӣ, нармбаданҳо, харчангшаклҳо, растаниҳои обӣ), анергетикӣ (истифодаи энергияи мадд) ва минералӣ (элементҳои химиявии дар об маҳлулшуда, сарватҳои истихроҷӣ дар сатҳи қаър ва асри қаър хобида) дорад. Аҳамияти уқёнус барои киштигардӣ хеле калон аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …