Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УКРАИНҲО

УКРАИНҲО

УКРАИНҲО (худ украiнцi), миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина. Дар СССР 44 млн наф. (1979), аз он дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина 36 489 ҳазор нафар. Инчунин дар РСФСР (3658 ҳазор нафар), Республикаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон (898 ҳазор нафар), Республикаи Совети Сотсиалистии Молдова (561 ҳазор нафар), Республикаи Совети Сотсиалистии Қирғизистон (109 ҳазор нафар), Республикаи Совети Сотсиалистии Узбакистон (114 ҳазор нафар) ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

1508913413-6505

Берун аз хоки СССР дар Чехословакия, Руминия, Югославия, ШМА, Канада, Аргентина, Бразилия ва Австралия низ ҳастанд. Ба забони украинӣ гап мезананд. Қисми зиёди диндорон пайравони мазҳаби православӣ буда, дар районҳои ғарбӣ униатҳо низ ҳастанд. Украинҳо мисли халқҳои русу белорус ба славянҳои шарқӣ мансубанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …