Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / УКРАИНА

УКРАИНА

УКРАИНА, Республикаи Советии Сосиалистии Украина, Республикаи Советии Сосиалистии Украина (Украiнска Радянська Сосiалiстична Республика), дар ҷанубу ғарби қисми европоии СССР ҷойгир аст. Аз ҷануб онро баҳрҳои Сиёҳ ва Азов иҳота кардаанд. Масоҳаташ 603.7 ҳазор км2. Аҳолиаш 50667 ҳазор нафар (1984); украниҳо (36 489 ҳазор нафар мувофиқи барӯйхатгирии соли 1979) русҳо, яҳудиҳо, белорусҳо, молдаванҳо ва ғайра 25 вилоят, 479 район, 417 шаҳр ва 908 птш дорад. Пойтахташ шаҳри Киев.

ukraina

Сатҳи Украина аз ҳамвориҳо, теппаҳо, баландиҳо (Волын, Подольск, Наздиднепр, Наздиазов, Кряжи Донец) ва пастиҳо (Полесия, Наздиднепр, Наздибаҳрисиёҳ) иборат аст. Дар ҷанубу ғарб куҳҳои Карпат (баландиашон то 2061 м) ва дар канори ҷануби реопублика куҳҳои Қрим (баландиашон то 1545 м) воқеъ гаштаанд. Иқлими Украина мӯътадил, бештар континентист; иқлими соҳилҳои ҷануби Қрим — субтропикии баҳримиёназаминӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз —7, —8°С (дар шимолу шарқ), то 2 —4°С (дар соҳили ҷануби Қрим), июл мутаносибан аз 18—19°0 то 23 —24°С. Боришоти солона аз 600— 700 мм (дар ҷанубу ғарб) то 300 мм (дар ҷанубу шарқ); дар кӯҳҳои Қрим 1000—1200 мм, дар кӯҳҳои Карпати Украина то 1600 мм. Дарёҳои калон: Днепр, Буги Ҷанубӣ, Северский Донес, Прут, Днестр ва резишгоҳи Дунай; обанборҳо; Каховка, Киев, Канев, Кремеичуг, Днепродзержинск ва ғайра. Нисфи ҳудуди Украинаро заминҳои сиёҳхок ва қисми боқимондаро хокҳои хокистартоб ва хурмоӣ фаро гирифтаанд. Украина дар минтақаи бешаҳои омехта, қисмҳои ҷанубӣ ва мобайниаш бошанд, дар бешадашт ва дашт воқеъ гаштаанд. Дар Украина 11 мамнӯгоҳ ҳаст, калонтаринашон:   Баҳрисиёҳ, Полесия,

Карпат, Аскания-Нова.

Дар ҳудуди ҳозираи Украина ҷамъияти синфӣ (давлати Боспор, давлати Скифҳо) дар ҳазораи 1 то мелод ба вуҷуд омад. Дар асрҳои 9—12 қисми зиёди ҳудуди Украина ба давлати Руси Киев дохил мешуд, ки он асоси ташаккули халқияти ягонаи руси қадим гардид ва минбаъд аз он се халқи славянҳои шарқӣ — русҳо, украинҳо ва белорусҳо пайдо шуданд. Дар асри 13 давлати Руси Киев дучори тохтутози муғулҳо гашт; асри 14 тобеи Князии кабири Литва, Полша ва ғайра буд. Дар асри 15 халқияти украин асосан ташаккул ёфт. Украинҳо ба муқобили шляхтаҳои Полшаю Литва ва таҷовузи туркҳо мубориза мебурданд. Ҷанги озодихоҳонаи халқи украин солҳои 1648— 54 таҳти роҳбарии Богдан Хмелницкий бо ҳамроҳ шудани Украина ба Россия (радаи Переяслав) ангҷом ёфт. Украинаи соҳили чап дар ҳайати Россия мухторият ба даст овард. Нимаи дуюми асри 18 хоки ҷануби Украина аз зери асорати туркҳо озод карда шуд. Украинаи Соҳили рост охири асри 18 ба Россия ҳамроҳ гардид. Ислоҳоти деҳқонӣ (1861) тараққиёти капитализмро тезонд. Охири солҳои 90 аввалин ташкилотҳои сохти давлатӣ ба вуҷуд омаданд. Меҳнаткашони Украина дар Революсияи солҳои 1905—07, революсияҳои Феврал ва Октябр 1917 фаъолона иштирок карданд. Ноябри 1917—январи 1918 дар Украина Ҳокимияти Советӣ барпо гардид. Республикаи Советии Сосиалистии Украина 12 (25) декабри 1917 таъсис ёфт. Солҳои 1918—20 халқи украин якҷоя бо Армияи Сурх Радаи марказӣ, Дироктория, қӯшунҳои гвардияи сафед, интервентҳои Австрияю Германия ва Англияю Франсияро торумор намуд. Аз 30 декабри 1922 Украина дар ҳайати СССР мебошад. Ноябри 1939 Украинаи Ғарбӣ ба Республикаи Советии Сосиалистии Украина ҳамроҳ шуд. Августи 1940 Буковинаи Шимолӣ ва як қисмӣ Бессарабия ба ҳайати Республикаи Советии Сосиалистии Украина дохил гаштаид. Солҳои 1941—44. Украинаро фашистони немис истило карданд; ҳаракати партизанӣ вусъат ёфт. Тирамоҳи 1943 Армияи Советӣ Украинаи Соҳиличапро ва октябри 1944 тамоми ҳудуди республикаро аз фашмстони немис озод намуд. Июни 1945 Украинаи Закарпатия ба Республикаи Советии Сосиалистии Украина ҳамроҳ шуд. Соли 1954 ба ҳайати он Қрим дохил шуд. Аз соли 1945 Республикаи Советии Сосиалистии Украина аъзои ТДМ мебошад, Республикаи Советии Сосиалистии Украина бо 2 ордени Ленин (1954, 1958), орденҳои Революсияи Октябр (1967), Дӯстии халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Партияи Коммунистии Украина соли 1918 барпо шудааст. 1 январи 1985 дар Украина 3 040338 нафар аъзо ва 102 657 нафар номзад ба аъзоии партия, 6717601 нафар аъзои комсомол ва 25 867 128 нафар аъзои  иттифоқҳои касаба буд.

Дар натиҷаи дигаргунсозии социалистӣ Украина ба республикаи индустриалвӣ ва хоҷагии қишлоқаш коллоктивии мутараққӣ табдил ёфтааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 1979 нисбат ба соли 1940-ум 14 маротиба афзуд Асоси электроэнергетика — ГРЭС (калонтаринашон:  Углегорск, Запорожск, Кривой Рог-2, Бурштинск, Змиёвск); силсилаи ГЭС-ҳо дар дарёи Днепр (калонтаринашон: Днепр ба номи В. И. Ленин, Кременнут, Каховка). Соли 1984 истеҳсоли қувваи электрик 257 млрд кВт. солро ташкил дод. Ангишт (ҳавзаҳои Донец, Лвову Волин, Наздиднепр), маъдани оҳан (1/2 ҳиссаи умумииттифоқӣ, ҳавзаи Кривой Рог), манган (3/4 ҳиссаи умумииттифоқӣ) истихроҷ карда мешавад. Корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳи пуриқтидор (Ноҳияи Донесу Наздиднепр) ва металлургияи ранга мавҷуд аст. Соҳаҳои асосии мошинсозӣ: мошинсозии вазнин, автомобилсозӣ, вагонсозӣ, киштисозӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, дастгоҳсозӣ, асбобсозӣ ва ғайра. Саноати химия нуриҳои минералӣ, кислотаи сулфур, сода, пластмасса, нахи химиявӣ, рангубор ва ғайра истеҳсол мекунад. Саноати калони хӯрокворӣ (қанд, равғанкашӣ, гушт, консерв ва ғайра) дорад. Саноати сабук, целлюлозаю коғаз, чӯбтарӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (семент ва ғайра) низ ривоҷ ёфтааст. Маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ соли 1979 нисбат ба соли 1940-ум 2,1 маротиба афзудааст. Аввали соли 1985 дар РСС Украина 7301 колхоз ва 2201 совхоз буд. Заминҳои кишт 32,9 млн га (1984). Зироати асосии хоҷагии қишлоқ: гандум, ҷуворимакка, арзан, шолӣ, марҷумак, лаблабуи қанд, офтобпараст, картошка, сабзавот. Боғу токдорӣ ҳам тараққӣ кардааст. Гов, хук, бузу гӯсфанд мепарваранд. Тӯли умӯмии роҳи оҳан 22,48 ҳазор км (1979), роҳҳои автомобилгард 163,6 ҳазор км. Қубурҳои нефту газ ҳаст. Дарёҳои Днепр, Десна, Припят, Днестр, Дунай, баҳрҳои Сиёҳ ва Азов киштигарданд.

Бандарҳои асосӣ: Одесса, Иличёвск, Херсои, Николаев, Измаил, Жданов, Корч, Рени.

Соли 1981 аз ҳар 1000 нафар коркуни хоҷагии халқ 841 нафар дорои маълумоти олию миёна буд. Соли хониши 1980/81 дар 147 донишкадаи олӣ 880,4 ҳазор студент, дар 727 мактаби миёмаи махсус 803/1 ҳазор хонанда таҳсил менамуд. Академияи Фанҳои (таъсисаш 1919), 84 театр ҳаст. Соли 1979 ба ҳар 10 ҳазор кас 35,4 духтур рост меомад. Курортҳои иқлимӣ, балнеологӣ, табобати лойии соҳили баҳри Сиёҳи Қрим (Ялга, Евпатория ва ғайра), инчунин ноҳияи курортии Одесса, курорти Трусказес хеле машҳуранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …