Маълумоти охирин

УҚОБҲО

УҚОБҲО (Аguila), як ҷинси паррандагони соҳибчангол аз оилаи Асcipidridae. Боли паҳну дароз (ҳангоми кушода будан то 2—2,4 м) ва пойу чанголҳои боқувват доранд; дарозиашон то 1 м; вазнашон то 6 кг, нарина ва модинаашон ҳамранганд.

ukob
9 намуд дошта, аз зонаи бешатундра то биёбон ва кӯҳҳои Европа, Осиё, Африка ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудаанд. Лонаашонро дар дарахт, шах ё замин сохта, 1—3 тухм мегузоранд. Тухмро модина ва наринаашон 40—45 шаборӯз зер мекунанд; чӯҷаашон баъди 2—моҳ
мустақилона парвоз мекардагӣ мешаванд. Асосан ҷонварони ширхӯр, паррандагон ва баъзан лошаҳоро мехуранд. Дар СССР 5 намуди уқобҳо (бургут, уқоби даштӣ, А. Heliaca, А. clanga, А. роmarina), аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 (бургут ва А. heliaca) вомехӯранд. 0. Heliaca дар пастию нимбиёбонҳои Тоҷикистон гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Миқдори уқобҳо ҳамаҷоя кам шуда истодаанд. Бургут ва А. Heliaka ба китоби сурхи РСС Тоҷикистон дохил шудаанд. Аксари дигар паррандагони соҳибчанголи оилаи Асckipidridae (10—11 ҷинс)-ро низ Уқобҳо меноманд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …