Маълумоти охирин

УҚНУМ

УҚНУМ (аз юнонӣ еikon — тасвир, симо), дар масеҳият ба маънои васеъ тасвири Исои Масеҳ, модархудо ва валиёнеро гуянд, ки калисо онҳоро муқаддас эълон кардааст. Бамаънои махдуд тасвир ё пайкараҳои сюжети динидошта, худоҳо ва авлиёе, ки ба онҳо ибодат мекунанд. Дар католисизм парастиши пайкараҳо, дар православие парастиши тасвирҳои рӯи чӯб бештар маъмул аст. Аввал дар масеҳият Уқнум набуд. Он бар хилофи қарори махсуси калисои ҷомеи Элвир, ки нигоҳ доштани тасвирҳоро дар ибодатхонаҳо манъ карда буд, ташаккул ёфт ва дар асри 4 ба авҷи инкишоф расид. Уқнум ҳамчун унсури боқимондаи фетишизм дар буддоия ва ламаизм низ маъмул аст. Ю. Смирнов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …