Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / УҚЁНУСИ ОРОМ

УҚЁНУСИ ОРОМ

УҚЁНУСИ ОРОМ, калонтарин уқёнуси кураи Замин, ки байни материкҳои Евросиё ва Австралия дар ғарб, Америкаи Шимолӣ ва Чануби дар шарқ, Антарктида дар ҷануб воқеъ гаштааст. Масоҳати якҷоя бо баҳрҳо 179,7 млн км2, ҳаҷми об 724 млн км3, ҷои аз ҳама чуқураш 11022 м (Нован Мариана). Баҳрҳо асосан дар канорҳои шимолӣ ва ғарбии уқёнус (Беринг, Охота, Япон, Шарқи Хитои, Ҷануби Хитой, баҳрҳои миёназамини Австралияю Осиё, Марҷонӣ, Тасмания), инчунин дар наздикии соҳилҳои Антарктида (Амундсен, Беллинсгаузен ва Росса) ҷойгир шудаанд. Ҷазираҳо бисеранд. Дар қисми марказӣ Уқёнусия воқеъ гашта, ҷазираҳои сершуморро дар бар гирифтааст.

uk-orom

Релефн қисми шарқии қаъриуқёнус нисбатан ҳамвор буда, дар қисмҳои ғарбӣ ва марказӣ баландиҳо ва хамиҳои бисёре (чуқуриашон беш аз 5000 м) мавҷуданд, ки онҳоро қаторкуҳҳои асриобӣ (Уқёнусиоромии Шарқӣ, Уқёнусиоромии Ғарбӣ ва ғайра) аз ҳам ҷудо кардаанд. Дар ҷойҳое, ки қаторкӯҳҳои зериобӣ қад кашидаанд, чуқурии уқёнус то 2000—3000 м кам мешавад. Канорҳои уқёнус серзилзилаанд, вулқонҳои амалкунанда ва новаҳои амиқ (то 8000—10 000 м ва зиётар) доранд. Дар арзҳои тропикӣ тақрибан 2000 намуд ва дар баҳрҳои Шарқи Дури Советӣ тақрибан 800 намуд моҳӣ ҳаст. Уқёнуси ором қариб 1/2 ҳиссаи маҳсулоти умумиҷаҳонии моҳиро медиҳад. Ба воситаи Уқёнуси ором муҳимтарин роҳҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ мегузаранд. Калонтарин бандарҳояш: Владивосток, Находка, Петропавловски Камчатка, Вонсан, Тянзин, Шанхай, Гуанчжоу, Токио, Иокохама, Хайфон, Сингапур, Сидней, Ванкувер, Сан- Франсиско, Лос-Анҷелес, Валпараисо.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …